Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Доктор Шеърдўст бо истинод ба Забеҳуллоҳи Сафо зикр мекунад: «Баноӣ» (ба вазни «Саноӣ»)…», ки дуруст аст – дар талаффузи имрўзаи эронӣ ҳар ду натанҳо ҳамвазн, балки ҳамсавт ҳам ҳастанд. Вале ба талаффузи имрўзаи эронӣ «ҳино» ҳам «ҳано»-ст, ҳол он ки фарҳангҳо «ҳино» зикр кардаанд. Аз ҷумла, ҳамон «Фарҳанги Амид»
онро бо касраи ҳарфи «ح» («ҳ»-и ҳуттӣ), яъне «ҳино» оварда, танҳо баъди ин шарҳ додааст, ки дар форсӣ ба заммаи ҳарфи «ح», яъне «ҳано» талаффуз мешавад (саҳ. 573). Пас талаффузи тоҷикӣ (бино, ҳино) ҳам асосноку дуруст аст, ин ҳолат аз ғановати савтии забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ шаҳодат медиҳад ва ба таҳмили сунъии талаффузи як шаҷара ба шохаи дигари ин забони воҳиди муқтадир зарурате нест. Худи дастандаркорони чопи китоб ҳам шояд дудила будаанд, ки дар беш аз ҳафтод маврид тахаллуси шоирро «Биноӣ» навиштаанд. Ҳатто борҳо дар як ғазал душаклнависӣ ҳам мушоҳида шуд.

Чаро чун дигарон тарҳи иқомат афканам ғофил,
Баноӣ, чун бинои даҳрро маҳкам намебинам.

Ғамхонае насохт фалак дар басити хок,
К-аз хосса баҳри ҷони Баноӣ бино накард.

Агарна оразат об аст, худ бигў, ки чарост,
Бинои сабри Баноӣ хароб аз он ораз.

Гиря гар сел оварад, з-инсон куҷо монад дигар
Дар бинои хонаи сабри Баноӣ мўҳкамӣ (?) ?

Қасри ғаму манзили бедодро,
Баҳри Баноӣ чӣ бино мекунӣ?

Агар «Биноӣ» воқеан «Баноӣ» бошад, мантиқан бояд решаи он – «бино» ҳам «бано» навишта шавад.

пешина
аз 323
навбатӣ