Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

В.Иванов «Банноӣ», А.Семенов боре ҳатто «Беннак»
гуфтаанд. Тахаллуси шоирро олимони Ғарб Э.Браун «Баннаи», А.Шпренгер Ч.Рьё, Ҳ.Эте «Банноӣ», Е.Блоше «Беннаи» овардаанд (саҳ. 91). Мавсуф барҳақ зикр мекунад, ки «Сабаби асосии рўй додани ин гуногунии тарзи навишт ва талаффузи тахаллуси шоир… дар рамкаи вазни шеърҳои шоир санҷида нашудани тарзи талаффузи он мебошад» (саҳ. 93). Навиштаи Дорн, Ҳамер, А.Болдирев ва А.Усмонов – «Бинаи» ва, албатта, муҳаққиқи эронӣ А.Муқтадир ба асл наздик аст, вале дар талаффузи аввалиҳо он ғайритоҷикӣ, дар талаффузи дуюмӣ сирф эронӣ садо медиҳад ва он ҳамаро ба хати русӣ тибқи талаффузи тоҷикӣ «Биноӣ» навиштан саҳеҳ аст. Академик Мирзоев дуруст зикр кардааст, ки меъёри муайян намудани шакли дурусти тахаллуси шоир вазни ғазалҳои ў ва, албатта, маъною мазмуни он аст: «Тарзи навишт ва талаффузи ягонае, ки аз нуқтаи назари нормаи имрўза низ қобили қабул шуда метавонад, «Биноӣ» мебошад. …ин шакли навишт ва талаффузи тахаллуси шоир, илова бар он ки дар вазни шеърӣ дар ҳеҷ як ҷойи мероси адабии ў гаронӣ намеорад, бо калимаи тоҷикии «бино» ва «бинокор» шаклан ва бо семантикаи худ низ бе алоқа намебошад» (саҳ. 94).
Аслан, ин чиз бояд пеши ҳамагон мусаллам бошад ва ҷое барои баҳсу мунозира нагузорад. Вале, чун дар нашри навтарини тоҷикӣ тахаллуси шоири ба талаффузи дигари тахаллусаш машҳур нотоҷикона зикр шудааст, ҷуз он ки ягон тоҷик «бано» («ҳано» ва ғайра) намегўяд, овардани ду далели содаи дигар ҳам барҷо будагист: «یانب аз Ҳарӣ мебошад. Бинобар ин ки падараш устод Муҳаммадсабз банно (бинокор – Н.Қ.) буд, чунин тахаллус кардааст.»
(«Бобурнома»-и Бобурмирзо. Иқтибос аз китоби мазкур, саҳ. 90). Дар «Фарҳанги Амид» (интишороти «Амири Кабир», Теҳрон, 1375, саҳ. 317) аз касраи ҳарфи «"ب" («бо»)-и калимаи «انب» рўшан аст, ки он аслан «бино» хонда мешавад.

пешина
аз 323
навбатӣ