Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

ҷашн мегираду ҳам 21 ноябр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лутфулло Давлатов бо лутфи эшон ҳар сол ҳам 2 апрел дастархони зодрўз меорояду ҳам 20 декабр …
Ҳоло ки ин тақризи батаъхир омода мешавад, мураттиби ивазнашавандаи тақвимҳои якрангу дилгири нашриёти «Шарқи озод» шояд дар пайи таҳияи тақвими соли оянда бошад. Наход боз ҳамин гуна як тақвими роҳгуми дигар бо якрангии дилбазану такрори байту пораҳои номувофиқу носаҳеҳи бемавқеъ, ғалатҳои бешумори мантиқу баёну имло ва ному унвонҳои беҳисоби бешахсу беифода… ба сари кормандони идораҳо биборад? Ё, замони бозор аст гуфта, меъёрҳое чун мазмуну сифати кор батамом аз миён рафтаанду масъулияту салоҳият фаромўш шудаанд?

2012
Низом Қосим

«ГЎЙӢ ОСОНАШ, ВАЛЕКИН НЕСТ
ОСОН ГУФТАНАШ…»

Яке аз китобҳои бо майли том мутолиаву истифодакардаи мо, донишҷўёни солҳои 70, рисолаи адабиётшиноси номвар Абдулғанӣ Мирзоев «Биноӣ» буд. Мутаассифона, баъдан дигар на он китоби хонданиву монданӣ бозчоп шуд ва на маҷмўае аз осори шоири мавриди тадқиқаш ба нашр расид. Инак, хуш аст, ки Пажўҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон «Девони ашъор»-и мавсуфро ба чоп расонд. Девонро солҳо қабл аз ин шодравон Саъдоншо Имронов – муаллими донишгоҳиамон, ки бисёр ошиқонаву содиқона аз адабиёти классикии тоҷику форс дарс медод, барои чоп омода карда будааст. Ва барои дастрас шудани он муаллифони пешгуфтор, бозхонӣ ва тавзеҳот Худоӣ Шарифов ва Муҳриддин Низомов, сарпараст ва муаллифи сарсухан доктор Алиасғари Шеърдўст заҳмати зиёд кашидаанд.
Китоб 660 ғазалро дар бар гирифтааст ва, аз ин рў, «Девони ғазалиёт» номгузорӣ шуданаш мантиқитар мебуд.
Умед ҳаст, ки дар оянда, бо истифодаи сарчашмаҳои қитъаву рубоиҳои шоир, ки академик Мирзоев дар китобаш зикр кардааст (саҳ. 454), девони воқеии ашъори Биноӣ ба дасти хонанда мерасад.
Алҳол чизе, ки аввалқадам ба чашм мехўрад, номи шоир аст. Чаро «Баноӣ» шуда оне, ки солҳо чун «Биноӣ»
медонистемаш? Оё «Биноӣ» ғалат буд, ки ноширони нави осори шоир ўро «Баноӣ» зикр кардаанд? Ва ин амал, ҷуз тағйироти савтӣ, чӣ боре мекашад?
Академик Абдулғанӣ Мирзоев дар китоби муътабараш «Биноӣ» (Нашриёти давлатии Тоҷикистон, Сталинобод, 1957, 490 саҳ.) зикр мекунад, ки дар тадқиқотҳо оид ба шоир шаш қаринаи номи ў корбаст шудааст. Олимони рус А.Крымский, В.Бартольд, Е.Бертельс, М.Салье, «Беннои»,

пешина
аз 323
навбатӣ