Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Норасоии дигари тақвим ва асари саросемакорӣ дар таҳияи он зикр нашудани рўзу соли вафоти бисёр нафаронест, ки имрўз аз сад гузаштаанд ё дар арафаи садсолагианд. Кош бо чунин дарозумрӣ машҳур мегаштем, вале, мутаассифона, чунин нест ва бояд ин нуктаи шубҳабарангез тавассути истифодаи қомусу раҳнамоҳои соҳавӣ бартараф мешуд.
Тоҷикистон беш аз панҷоҳ Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дорад, вале чор-панҷ нафар дар тақвим ҷо ёфтаанду бас. Чаро? Магар барои имрўзиён мартабаи ҳамаи онҳо ҳамсону хотираашон як хел муқаддас нест?
Воқеан, шаш Қаҳрамони Тоҷикистон ҳам бисёр ноаёну носазовор муаррифӣ шудаанд.
Булаҷабиҳои тақвим бо ҳамин хотима намеёбанд.
Раҳгумии онро бубинед, ки тибқи нишондодаш оҳангсоз Насим Пўлодов (1913–1998) 10 январ таваллуд шудаву оҳангсоз Насим Пўлотов (1913-1998) 10 феврал, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон Шариф Бобокалонов 12 март чашм ба дунё кушодаву Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Шариф Бобокалонов – 17 март, оҳангсоз Сулаймон Юдаков (1916–1990) ҳам 4 апрел ба дунё омадаву ҳам 14 апрел, Фозил Солеҳов (1914–1976) чун оҳангсоз 10 май тавлид шудаву чун дирижёр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон 14 май, Нур Табарови нависандаву драматург 18 май зода шудаву Нур Табарови журналист – 18 июл, оҳангсози маъруф Талаб Саттор 12 октябр ва 12 ноябр, нависанда Баҳром Фирўз 9 сентябр ва 19 сентябр, табиб Саъдиннисо Ҳакимова 20 октябр ва 20 декабр, ходими шинохтаи матбуот Бўриннисо Бердиева 3 ва 30 декабр, нависанда Маъруф Бобоҷон 3 июн ва 3 ноябр, адабиётшинос Аҳмад Абдуллоев 3 июн ва 3 июл, оҳангсоз Миратулло Атоев 7 ва 19 октябр чашм ба дунё кушодаанд, бо як ҷилваи хомхомаи мураттиби тақвим зодрўзи нависанда Ҷонибек Акобир аз 5 октябр ба 5 сентябр кўчидааст, адабиётшинос Юсуф Акбарзода минбаъд, бо иҷозати мураттиби тақвим, зодрўзашро ҳам 16 май

пешина
аз 323
навбатӣ