МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
оҳангсозон ва намояндагони дигар пешаҳо низ ягон сатҳу савия ва меъёр риоя нашудааст ва ҳар нафари андаке, ки ситорааш ба мураттиб маъқул аст, дар саҳифае макон кардааст…
Бешубҳа, ҳар яке дар ҷоҳу мақоми худ коре кардаасту мекунад, вале меъёрҳо чӣ мешаванд? Ба гумони ғолиб, аз аъзои бешумори иттифоқҳои эҷодӣ, доктору профессорҳои беҳисоб нафарони мутааддидеро бояд зикр кард, ки ҷомеа воқеан пазируфтаасту медонад ва аз рўзгору осори арзандаву ибратбахшашон ақаллан пораи мондагоре мисол овардан имконпазир бошад.
Табиист, ки дар равнақи соҳаҳои гуногуни ҷумҳурии собиқ шўроии мо саҳми намояндагони дигар миллатҳо бузург буд ва хуб аст, ки ақаллан каме аз онҳо дар тақвим зикр шудаанд. Аз ҷумла, кинорежиссёр Рафаил Перелштейн, нависандагон Бруно Ясенский, шоирон Мариана Фофанова, Павел Зорин ва Николай Лесной, актёри театр Николай Лепник-Мировский, Олимон Евгений Бертелс ва Генрих Толстиков, адабиётшинос (?) Лариса (?) Успенская, Вячеслав Красичков ва оҳангсозон Борис Пиговат, Константин Тушенок, арбоби сиёсию давлатӣ Григорий Бройдо, чемпиони олимпӣ Юрий Лобанов. Мантиқӣ мебуд, ки (махсусан, барои огоҳии насли ҷавон) хидмати мушаххаси онҳо барои Тоҷикистон мухтасар зикр мешуд.
Аҳмад Бобоқулов чунин муаррифӣ шудааст: «Артисти халқии СССР, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон». Ҳама медонад, ки ҳофизи бузурги халқамон дар кадом замон зистааст ва он вақт унвонҳои ҷумҳуриявию умумииттифоқиро зина ба зина мегирифтанд. Бе дарёфти унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ба унвони болотари Артисти халқии СССР расидан имконнопазир буд, аз ин рў, ба зикри унвони аввал ниёз нест. Дар мавриди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Владимир Бидило ва муаррифиҳои мушобеҳ бо ин низ ҳаминро метавон гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё