Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Такя бар ахтари шабдузд макун, к-ин айёр,
Тоҷи Ковус бибурду камари Кайхусрав.

Тасаввур кунед ҳолату рўҳияи шахсеро, ки саҳар ба кор меояду бо умеди рўзи нав сафҳаи тозаи тақвими рўйи мизашро кушода, чунин байтҳои бемавқеъро мехонад:

Чу ту харе чӣ кунад дар миёни аҳли хирад,
Агар на кори аҳли ҷаҳон ҳазлу заҳкае абас аст?

Кормандони прокуратура, амният, сўхторнишонӣ, аҳли оилаҳо ва ғайра ҳам зиқ намемонанд – «тақдим аз Умар Алӣ» онҳоро низ аз байтҳои духўраи булаҷабе бархўрдор менамояд.
Дар ҳар варақи тақвим, аз рўйи одати содалавҳонаи дерин, зодрўзи кеҳу меҳи зиёде зикр шудааст. Аз ҷумла, шояд ҳама аъзои Иттифоқи журналистон. Бешубҳа, журналистӣ кори бузургу пураҳамияти эҷодист ва зикри журналистони воқеӣ, ки дар ин пеша нақше доранд, корест хайру зарур.
Лекин нафарони фаровонеро, ки танҳо узви Иттифоқи журналистонанду дар умр ҷуз чанд хабари рўзмарра, сатри монданиро бимонед, як ҷумлаи хондание нанавиштаанд, яъне хабарнигори оммизавқе беш наянд ва хонанда ҳатто номашонро намедонад, дар тақвим овардан чӣ аҳамияту маъно дорад? Ин сухан ба «ситораҳое» ҳам дахл дорад, ки ҳампаҳлуи Боймуҳаммад Ниёз, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Ҷўрабек Мурод, Нигина Рауф… омадаанд. Дар паҳлуи донишманд (оре, донишманди воқеӣ!) Носирҷон Маъсумӣ ин унвонро олиҳимматона ба касоне, ки ҷомеа аз «донишмандиашон» аслан хабар надорад, бахшидан оё худсарии бемасъулиятона нест? Ё худ, «тақдими» он ба нафароне, ки дар ҷомеа чун амалдор шинохтаанд, чӣ маъно дорад ва оё онҳо ба «эҳдо»-и ин унвони булаҷаб аз ҷониби мураттиби тақвим эҳтиёҷманданду ин «унвон» ба мартабаашон меафзояд?! Ба ин тартиб дар муаррифии адибону олимон,

пешина
аз 323
навбатӣ