Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Ба минбарҳо фаромўшам накарданд,
Бигуфтам нарм, хомўшам накарданд.
Чу рафтам тунд, аз баҳри ҳақиқат,
Бикуштам хешро, гўшам накарданд.

Дар Рўзи ангиштканон:

Як духтари кўлобӣ ба ғам сўхт маро,
Аз боби муҳаббат сабақ омўхт маро.
Ман бар падараш ҳазор раҳмат гўям,
Хокам бинамуду боз афрўхт маро.

Дар Рўзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳама аз ягонагиву иттиҳоду васл мегўянду менависанд, мураттиби тақвим узри бегонагиву ҷудоиву фасл пеш меорад:

Дўстон гар ба дўстон нарасанд,
Андар ин рўзгор, маъзуранд.

Бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон садҳо шеъру таронаи марғуб, фармудаҳои ҷолиби адибону олимон ва сиёсатмардон ба табъ расида, вале, бибинед, безавқонаву бемавқеъ чӣ порае ба сари хонандаи тақвим бор мешавад:

То омадани ту чашм дар раҳ монам,
Чун тирашабе ду дида бар маҳ монам.
Чашмам ба рухи ту сахт одат кардаст,
Умре ту арўси хона, ман шаҳ монам.

Дар зодрўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овардани ин байти бемуносибати «аз бом - тароша» чӣ маънӣ дорад?

пешина
аз 323
навбатӣ