МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Ҳазор сол пас аз марги ман чу бозоӣ,
Зи хок наъра барорам, ки марҳабо, эй дўст.
Дар Рўзи китоб:
Гирифтор куштан на воло бувад,
Нишеб аст ҷое, ки боло бувад.
Дар Рўзи моҳипарварон:
Бар деҳаи кўҳие ба армон рафтам,
Нўшидани оби чашмасорон рафтам.
Дидам, ки ба чашми чашмаҳо обе нест,
Баргашта қафо ба чашми гирён рафтам.
Дар Рўзи кимёгарон:
Устоди нахустинам маро ёд ояд,
Бегўрии кўдакӣ ба фарёд ояд…(?!)
Дар Рўзи ҷавонони Тоҷикистон:
Ҳеҷ неъмат чу зиндагонӣ нест,
Ба хушӣ бурд, ҳар кӣ ҷонвар аст(?)
Дар Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (!):
Он киро нест ба ҳушёрӣ ақл,
З-ў ба мастӣ тамаи ақл мадор.
Дар Рўзи радио ва кормандони алоқа:
То кай, эй сар дар ҳаво, дар осмон ҷўйӣ Худо,
Завқе аз болонишастан нест соҳибхонаро.
Низом Қосим
Дар Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри
Душанбе (!):
Оқил ба чӣ умед дар ин куҳнасаро,
Бар давлати ў ниҳад дил аз баҳри Худо.
Ҳар гоҳ, ки хоҳад, ки нишинад бар ҷой,
Гирад аҷалаш даст, ки бархез ба по.
Дар Рўзи илми тоҷик:
Модар, ту ҳамеша як дуо мехонӣ,
Аз меҳр дуои ҷони мо мехонӣ.
Мехонӣ дуо, ки тинҷ бошад олам,
Ту сураи сулҳи босафо мехонӣ.
Дар Рўзи модар:
Афкандани сайд кори шер аст,
Рўбаҳ зи шикори шер сер аст.
Мураттиби тақвим хосса «марбути» санаҳои зерин пораҳои «басо мувофиқ» дарёфтаву истифода кардааст.
Дар Рўзи кормандони гумрук:
Зи дарё бо дили дарё гузаштам,
Ба нодорӣ зи сад доро гузаштам…
Дар Рўзи ҳуқуқи инсон:
Ҳар ки дорад лаби хомўш, тавонгар бошад,
Даҳани ғунча ҳама умр пур аз зар бошад.
Дар Рўзи кормандони адлия ва суд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё