Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Чу хокистар шудан будаст осон,
Чу шамъе тофтан осон набудаст.

Дар Иди меҳргон:

Надорад хона, дидам модареро,
Панаҳ натвон намояд (?) ў сареро.
Агарчӣ зодаанд ингуна занҳо
Ҳазорон раҳбареро, сарвареро.

(Воқеан, дар ҳамон маҷмўаи ашъори Адиб Собир, ки мураттиб дораду байтҳои зиёдашро оварда, дар бораи Иди меҳргон чӣ байти зебое ҳаст:

Туӣ, ки меҳри ту дар меҳргон баҳори ман аст,
Ки чеҳраи ту гулистону лолазори ман аст!)

Дар Рўзи Конститутсия:

Агар гум кунад роҳи омўзгор,
Сазад, к-ў ҷафо бинад аз рўзгор.

Дар Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Чун диву пареру (пору) перор гузашт,
Шодиву ғаму меҳнати бисёр гузашт…

Дар Рўзи байналмилалии муҳоҷирон:

Ҷавониву пирӣ ба назди аҷал
Яке дон, чу дар дин нахоҳӣ халал.

Байти Рўзи кормандони мақомоти молия беш аз ин байтҳо танзомезу мазҳакаоҳанг садо медиҳад:

пешина
аз 323
навбатӣ