Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Осимӣ, Аловаддин Баҳоваддинов, Евгений Эдуардович Бертелс, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Худоӣ Шариф, Абдуннабӣ Сатторзода, ки зодрўзашон дар асари мавриди тақриз сабт шуда, фармудаҳои пурҳикмати сазовори сарахбори сафҳаҳои тақвим надоранд? Ин ҷо танҳо огоҳии бештар ва завқи солими интихоб мебояду бас.
Ба ин тариқ, дар ҳар рўзи хотирнишини сол байту пораи ночаспону бемавқеъ, гоҳе духўраву мазҳакавиоҳанг манзур шудаанд. Масалан, дар Рўзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ:

Маханд аз ҷавоне, ки бо фисқ зист,
Бар он пир бигрӣ, ки бе тавба мурд.

Дар Рўзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ:

Аз суҳбати подшаҳ бипарҳез,
Чун пунбаи хушк аз оташи тез.

Дар Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон (!):

Бозори шавқ гарм шуд, он сарвқад куҷост?
То ҷони худ бар оташи рўяш кунам сипанд.

Дар Рўзи дониш:

Ин куҳна работро, ки олам ном аст,
Оромгаҳи аблақи субҳу шом аст,
Базмест, ки вомондаи сад Ҷамшед аст,
Қасрест, ки такягоҳи сад Баҳром аст.

Дар Рўзи омўзгорон:

Дилеро ёфтан осон набудаст,
Гаперо бофтан осон набудаст.

пешина
аз 323
навбатӣ