Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Ҷаҳон ҷавон шуд аз ин навбаҳори тозаҷавон,
Бад-ин ҷаҳон нигару тоза дор ҷону равон!

Бисўз хирмани андешаро, ки дар Наврўз
Сабо ҳаме зи бари гул зи гул занад хирман!

Гул бўю бода нўш ба дидори гул, ки ҳаст
Имрўз рўзи бодаву имсол соли гул!

Агар вазифаи тақвим пешниҳоди байтҳо бошад, онҳо бояд шоҳбайтҳои рўҳпарвар бошанд, на байтҳои тасодуфан, чун ҷузъи ороиш ба мураттиб бархўрдаи бемавқеъ ва саҳифапуркунак.
Аз Саидҷон Ҳакимзода – ягона шоири муосир аз ҳамаи сенздаҳ шоири дар тақвим манзур бештар пораҳои шеър – 58 рубоӣ оварда шудааст, вале дар варақи зодрўзи худаш байти тақвимнозеби Адиб Собир пешниҳод гардидааст. Воқеан, мураттиби тақвим ба ин шоири шодравон «хидмати хирсона» карда, байту рубоиҳои аз ҷиҳати вазну қофияву мантиқу таносуб харобашро «интихоб»
намудааст, ки на рўҳи муаллифашонро шод мекунанд, на хотири хонандагонро болида.
Умуман, агар дар зодрўзи ҳар шоир аз худаш байте ё порае манзур мегашт, оё боиси рангинии бештари тақвим ва огоҳиву лаззати бештари хонандагонаш намешуд? Магар шоироне чун Рўдакӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Амир Хусрав, Саъдӣ, Ҷомӣ, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Миршакар, Пайрав, Деҳотӣ, Шукўҳӣ, Ғаффор Мирзо, Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Гулрухсор, Гулназар, нависандагоне аз қабили Фазлиддин Муҳаммадиев, Пўлод Толис, Ҷумъа Одина, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Кароматуллоҳи Мирзо чунин иқтибосҳои манзуму мансур ва донишмандоне мисли Закариёи Розӣ, Насриддини Тўсӣ, Абулқосими Замахшарӣ, Абўрайҳони Берунӣ, Абўисмоили Ансорӣ, Аҳмади Дониш, Бобоҷон Ғафуров, Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммад

пешина
аз 323
навбатӣ