Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Ин байти «Шоҳнома»-ро чунон «эҷодкорона» истифода кардааст, ки суму думашро дарёфтани хонанда душвор аст:

Гулистон, ки имрўз бошад ба бар.
Ту фардо чинӣ гал, наояд ба кор.

Аҳволи байти машҳури Адиб Собирро бубинед, ки дар садҳо мақолаву рисолаву гузоришу суҳбатҳо батакрор истифода шудааст:

Нодон чӣ донад он, ки сухандон ба гоҳи назм,
Ҷонро тудохтаасту аз он шеър сохтааст.

Ин байт дар «Осори мунтахаб»-и шоир («Ирфон», 1981, саҳ.25) дуруст омадааст:

Нодон чи донад он ки сухандон ба гоҳи назм
Ҷонро гудохтасту аз он шеър сохтаст?

Оре, шаклҳои дуруст дар китобҳо ҳаст, вале ҳадафи мураттиб ҳатман «навоварие» кардан аст, ки гоҳ калимаеро меафзояд, гоҳ кам мекунад, гоҳ ба ҷойи яке дигареро меорад ва ин корро дар байтҳое ҳам раво мебинад, ки саҳеҳаш дар ҳофизаи хосу ом ҳаст:

Эй арўси ҳунар, аз бахт шикоят манамо,
Ҷумлаи ҳусн биёрой эй, ки домод омад.

Аз нидои бемаънии «эй» сарфи назар кунем, мураттиб ақаллан ба ҷойи «ҳаҷла»-и Хоҷаи барҷосухану шевосухан «хона» ё «ҳуҷра» (ки ҳамоҳангу ҳаммаънои «ҳаҷла» аст) мегуфт, ба эҷодкориаш тан медодем.

Агар пил бо шиша кин оварад,
Ҳама рахна дар доду дин оварад, –

пешина
аз 323
навбатӣ