Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Табдили як ҳарф (суд-худ) маъниро сарозер кардааст:

Имрўз, ки дар дасти туам, марҳамате кун,
Фардо, ки шавам хок, чӣ худ ашки надомат?

Барҳам задани таносуб вазну маъниро барҳам задааст:

Диловар, ки нандешад аз дилу шер,
Ту девона хонаш, махонаш далер.

Чӣ ҷойи гуфтан, ки «дил» «пил» аст ва «нандешад» бояд «н-андешад» навишта шавад.
Калим дар як байти зебояш одиву тоҷикона мегўяд, ки «аз раҳбари нодон асо беҳтар аст ва агар дар роҳи имон муршидат (пират) чунин касест, бидон, ки гумроҳ мешавӣ». Ба маънӣ нарасидани мураттиб, бубинед, ки ин маънии одиву зеборо ба чӣ ҳоли ногуворе расондааст:

Раҳбари омӣ, Калим аз вай асло беҳтар бувад,
Дар тариқат муршидот гар ўст гумроҳӣ гузин.

Байт аз китоби «Гули хуршед»-и Калими Кошонӣ»
(«Ирфон», 1985, саҳ. 23) айнан бардошта шудааст ва боз як далели он аст, ки мисолҳо бе ҳаллу ҳазм, дарки маъниву зебоиҳо, ба таври техникӣ рўбардор гардидаанд, вагарна дар тақризҳо ба китоби мазкур ғалатхониҳояш муфассал зикр шуда буданд.
Ё худ, Мавлоно Ҷомӣ мефармояд, ки «агар шоҳ одил бошад, меҳон – сарватмандон, дороён, дастдарозон баҳри осудагии кеҳон – муҳтоҷону ниёзмандон мекўшанд».
Бубинед, мураттиби «мураккабписанд» ин маънии содаву равонро ба чӣ ҳоле расондааст:

Чу гардад шоҳи олам адлпеша,
Шавад осоишин кеҳ-меҳ ҳамеша.

пешина
аз 323
навбатӣ