МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
гардидааст, ин байти зебои мутаносибро зеру забар намекард. Сухан аз «мидод», яъне «сиёҳӣ»-ст, ки бо калимаҳои «тирарўзӣ», «сияҳрўзӣ» ва «хома» ҳалқаҳои ногусастании занҷири заррини маънию шеърияти байти болоянд.
Дар ин рубоии Ҳакими Нишопурӣ:
Гар дар бари ман дилбари ёқутлаб аст,
В-ар оби Хизр ба ҷойи оби Инаб аст.
Гар Зуҳра бувад мутрибу ҳамдам – Исо,
Чун дил набувад шод, чӣ ҷойи тараб аст?
агар аз аломатҳои нодурусти китобатии сатрҳои якуму дуюм сарфи назар кунем, оби инаб (оби ангур, шароб)-ро ягон чашмаи муқаддас (исми хос) пиндоштани мураттиб ва надонистани он ки «Хизр» ба тақозои вазн аксаран дар шеър (аз ҷумла дар ин пора) ба шакли «Хизир» меояд, боиси харобии вазну маъно шудааст.
Чӣ ҷойи аз ин нуктаҳои ба фаҳми мураттиб дастнорас гуфтан, ки байтҳои машҳуре бо ғалатҳои зиёди имлоӣ рўбардор (истифода не, маҳз рўбардор!) шудаанд:
Ба ҷойи муштоқи рўйи туст, Ҳофиз,
Туро дар холи муштоқи назар бод.
Саҳеҳаш:
Ба ҷон муштоқи рўйи туст Ҳофиз,
Туро дар ҳоли муштоқон назар бод!
Рози Ҳофиз баъд аз ин ногуфта монд,
Эй дареғо, роздорони ёд бод.
Шакли саҳеҳи мисраи дуюм: «Эй дареғо, роздорон ёд бод!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё