МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Канори обу пойи беду табъи шеъру ёре хуш,
Муоширдилбаре ширину соқӣ гулъузоре хуш.
Дареғу дард, ки то ин замон надонистам,
Ки кимиёи саодати рафиқ бувад, рафиқ.
Адими хок кафши нофишор аст…
Мева об аз пўст мегирад, ба бўстони сухан,
Лафз агар бисёр шодобаст, маънипарвар аст.
Ин мазраи гул, ки куништи ману туст,
Рўзе ду-се дўзаху биҳишти ману туст.
Якеро ба таҳсили дониш гузор,
Кӣ бедонишӣ нест ҷуз айбу ор.
Мехўрам аз баҳри як мисраъ чандин печу тоб,
Мўйи оташдида савдои сухан дорад маро.
Адл кун, з-он ки сарв бўстонро,
Дасти кўтоҳ доду умри дароз.
Надонистани алифбои шеър, дарк накардани маъною тобишҳои он, рўбардори техникии бетаваҷҷуҳонаю саросема натанҳо вазнҳоро хароб, балки маъниҳоро батамом халалдор намуда, ғалатҳои фаровони байту пораҳоро ба сари хонанда бор кардааст. Чун дар ин байти Калими Кошонӣ:
Тирарўзӣ нест имрўзӣ, ки тадбире кунам,
Ин сияҳрўзӣ милоди хомаи тақдир буд.
Агар мураттиб медонист, ки милод (мелод) бо «ё»
навишта мешаваду дар ин ҷо боиси халалдор шудани вазн

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё