Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Чун дар ин байти беҳад маъмул:

Кори имрўзаи ман чу сохта нест,
Кори фардо чӣ гуна хоҳам сохт?

ки калимаи «имрўза»-ро «имрўзаи» кардани мураттиб вазни равону баёни ширинро барҳам задааст.
Дар байти зерин:

Гар борбадӣ ба лаҳну овоз,
Бе парда мазан даме бар ин соз

«Борбадӣ» сифат не, исм аст ва бояд бо ҳарфи калон навишта шавад. «Парда», албатта, чун сухан аз ромишгар аст, ба пардаи наво ҳам ишорат мекунад, вале дар ин ҷо ба маънои «роз, асрор, мастур» омадааст ва бояд бо пешоянд ҳамроҳ биёяд.
Мисолҳои ғалатхониву ғалатбардорӣ, ки ба шарҳу баён эҳтиёҷ надоранд:

Ҷаҳон чун шумо диду бинад басе,
Нахоҳад шудаи ром бо ҳар касе.

Маёзор мўре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширини хваш аст.

Туҳфаи дарёву кон, маҳзуни ҷайби ғунча аст,
Дар бағал дорад дукони хештанро ҷавҳарӣ.

Акнун, ки ҷаҳонро ба хушӣ дастрасест,
Ҳар зиндадилеро сўйи саҳро ҳавасест.
Бар ҳар шохе тулўи мўсодастест,
Дар ҳар қафасе хурўши инсоннафасест.

Бале бошад шунидан тухми дидан.

пешина
аз 323
навбатӣ