МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Шояд дар чопи деринаи маҷмўаи ашъори Адиб Собир чунин бошад, лекин мураттиб, ки чун аҳли сухан ба ин кор даст задааст, бояд аз баҳсҳои солҳои охир ҷиҳати дурустхониву дурустнависӣ огоҳ бошад, яъне, дар ҳар гуна ибораҳои изофӣ аввал шакли пурраи калима, баъд воситаи изофӣ оварда мешавад. Асли калимаи ишорашудаи байти боло «саъй» аст, на «саъ», бинобар ин, дар ҳар ду ҳолат ҳам бояд «саъйи» навишта мешуд.
Чун дар ин байти Хоҷа Ҳофиз:
Ҷавоно, сар матоб аз панди пирон,
Ки рои пир аз бахти ҷавон беҳ,
ки «ро» гуфтанӣ калима нест, аслаш «рой» аст ва бояд бо изофат «ройи» навишта шавад.
Ин андеша ба рўбардори байти зерини Ҳаким Низомӣ ҳам дахл дорад:
Ҳар табъ, ки ў хилофҷўяст,
Чун пардаи каҷ хилофгўяст.
Бояд радифу қофияҳо – калимаҳои мураккаби «хилофҷўй» ва «хилофгўй» ва хабари «аст» ҷудо навишта шаванд.
Боз як байт аз Адиб Собир:
Зи рўзгор маро хор ҳасту хурмо нест,
Масоил хатост, ки гўянд «хор бо хурмост».
Касе, ки андак табъи равон дорад ва ба истифодаи ин қадар байту пораҳо ҷуръат мекунад, бояд бидонад, ки «хор бо хурмост» масал аст, на масоил (масъала) ва ақаллан аз сактаи вазн инро пай бибарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё