МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
меорад мураттиб ва намеандешад, ки пилро ба шиша чи рабту нисбат аст ва намедонад, ки бо ин эҷодкорӣ тазоди «пилу паша» ё мақоли «аз паша фил сохтан»-ро ноогоҳонаву нобарҷо сарфи назар мекунад.
Дар сатри охири ин рубоӣ:
Таркиби табоеъ чу ба коми ту дамест,
Рав, шод бизӣ, агарчи бар ту ситамест,
Бо аҳли хирад бош, ки асли тани ту,
Гардеву насимеву шарореву дамест
қофия такрор шудааст, ки дар адабиёти классикӣ ҳеҷ мумкин набуд ва дар тақризҳо борҳо барҷо зикр гардида, ки он бояд «нам» бошад, он гоҳ ҳам такрори нобарҷои қофия аз байн меравад ва ҳам дар қатори хок (гард), бод (насим), оташ (шарор) унсури чоруми ҳастӣ – об зикр мешавад.
Аён аст, ки дар ин сатри мутаносибкалом пеш аз калимаи «перор» вожаи мутаносиби «пор» афтодааст:
Чун диву пареру (?) перор гузашт…
Марбути хушунати зан дар адабиёти классикӣ байту пораҳо вомехўранд, вале аксаран дар достонҳо ва бо ҳадафе, дар мавриде, аз забони персонаже гуфта шудаанд ва ҳаргиз ифодагари мавқеи он муаллифони бузурги инсондўст нестанд.
Масалан, байти зеринро аз батни достони шастҳазорбайта кандаву пешниҳод намудан боиси чӣ муносибати занони аз асли матну асли ҳол ноогоҳ ба ҳакими бузург мешавад?
Киро дар паси парда духтар бувад,
Агар тоҷ дорад, бадахтар бувад.
Ё байтҳоеро, ки маҳсули лаҳзаеву замоневу рўҳияеанд,
овардан чӣ зарурат дорад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё