Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Чу найшакар шавад аз мағз холӣ, бурё гардад…

Намакро чун кунӣ дар хўрди худ сарф…

Соқӣ, гузин бодаву май хўр ба бонги зер…

Чун ҳаст зи ҳар чи ҳаст бод андар даст,
Чун нест зи ҳар чи нест нуқсону шикаст
Ангор, ки ҳар чи ҳаст, дар олам нест,
Пиндор, ки ҳар чи нест, дар олаҳ ҳаст.

Ишқ мустағнист, аз тадбири ақли ҳилагар,
Шер кай созад асои худ думи рўбоҳро

Тамаъро оташ андар ҷойи фитода…

Эй дил, зи баҳои дўст дар оташ макон макун…

Мураттиб ба қоидаи маъмули пораи шеър – муҳокимаву натиҷа заррае аҳамияте намедиҳад, муҳокимаҳоро, ки идомаи шеър ҳосили он аст, партофта, танҳо натиҷаро меорад ва бо ин ҳусну таъсири пораҳоро мекоҳад:

…Ки ҳар, к-ў набиди ҷавонӣ чашид,
Ба гетӣ ҷуз аз хештанро надид.

…Ки ҳар кас, кӣ тухми ҷафоро бикишт,
На хуш рўз бинад, на хуррам биҳишт.

…Ки фарзанд ҳарчанд печад зи дин,
Бисўзад ба маргаш падар ҳамчунин.

Ному калимаву ибораҳои ғалатро ҳисоб нест: Ҳафизи
Шерозӣ, Адаб Собири Тирмизӣ, Абид Собири Тирмизӣ,
Махдум Олимӣ, Нуритдин, Турахуҷа, Қурбони Мадалиев,

пешина
аз 323
навбатӣ