МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Чу нон пинҳон хуранд аз сояи хеш,
Киро бошад ғами ҳамсояи хеш?
Норасоиҳои зиёде гувоҳи онанд, ки мураттибони мутуни классикӣ ҳангоми рўнависи матн тамоми ҳушу ёдашонро ба шакли зоҳирии ибораву калимаҳо равона мекунанд. Ҳол он ки, пеш аз ҳама, бояд мазмуну мантиқи байту мисраъ ба эътибор гирифта шавад. Он вақт, хоҳу нохоҳ, ибораю калима зоҳиран (ва мазмунан ҳам) дуруст рўнавис хоҳад шуд.
Банд аз занҷир натвон кард дили ворастаро,
Метавонад зад ба олам пушти пойи бастаро.
Вазни вайрони мисраи аввал бо забони ҳол мегўяд, ки асли матн дигар аст. Яъне, чунон бояд хонд, ки вазн барқарор бишавад ва мазмун ҳосил. Шоир, бешубҳа, ба озодадилон ишора дорад, ки банду занҷиру завлона, яъне, бандагии зоҳир барояшон нописанд аст ва дар ҳамин ҳол ҳам оламро пушти по мезананд. Пас, бояд ин тавр бошад:
Банд аз занҷир натвон кард дилворастаро,
Метавонад зад ба олам пушти пойи бастаро.
Ё худ дар байти зерин:
Сурати зоҳир агар дар ҳусн бошад, офтоб,
Оварад торикӣ дили пай ба маънӣ бурдаро.
Аз рўйи ҳамон андешаҳое, ки нисбат ба сатрҳои боло баён кардем, ин байт бояд чунин навишта шавад:
Сурати зоҳир агар дар ҳусн бошад, офтоб
Оварад торикии дил пайбамаънибурдаро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё