МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Баъзан бедиққату ғалат хондан вазну мазмунро чунон хароб кардааст, ки чизе фаҳмидан душвор аст. Ба тарзе ки дар ин байт воқеъ шуда:
Ошуфтагии зулфи ту рабт аз суханам бурд,
З-ин бештар ин ришта, шўрида саре дошт.
Дар мисраи аввал зикр шудааст, ки ошуфтагӣ ё худ бесарии зулфи ёр сухани ошиқро бе сару сомон кардааст. Аз рўйи ҳамин мазмуну образҳо вазну мазмуни мисраи сониро беғалат кардан мумкин аст:
Ошуфтагии зулфи ту рабт аз суханам бурд,
З-ин бештар ин риштаи шўрида саре дошт.
Ғайр аз ин, ба фикри мо, «бештар» бояд «пештар»
бошад, ки пешоянди таркибии «з-ин» ҳам ба ин далолат мекунаду мазмуну мантиқи байт ҳам; яъне, «аз ин пештар суханам рабт дошт, акнун зулфи ошуфтаи ту онро барҳам зад».
Сабаби ғалати байти зерин ҳам он аст, ки мураттиб, ба мазмуну мантиқ аҳамият надода, аз пайи нуқат рафтааст:
Нафас паяш чу хома сияҳ шуд зи дуди дил,
Саргарми иштиёқи ту ҳар ҷо, ки по гузошт.
Ягона роҳи муайян кардани асли гап боз ба асли хат – ба ҳуруфи форсӣ баргардондани матн аст. Акнун оҳистаю бомулоҳиза мехонем: «нафас паяш». Чӣ маънӣ дорад он?
Ҳеҷ. Пас, чӣ бояд хонд, ки маънии дилхоҳ ҳосил бишавад ва, дар айни ҳол, мувофиқату қаробати ҳуруфот боқӣ бимонад? Агар бо чунин мулоҳиза, бо риояи мантиқу таносуби луғот, бо назардошти вожаи калидии мисраи дуюм – «по» байтро аз нав бихонем, мурод ҳосил мешавад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё