Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Дарвоқеъ, дар ин сурат ҳам азизии Юсуф таъкид мешавад ва ҳам ба лақаби ў ишора, ки айни муддаост.
Чунон ки дар байти зерини Шайх Саъдӣ:

Чу Юсуф касе дар салоҳу тамиз
Ба чил сол бояд, ки гардад азиз.

Норасоиҳои лафзу маънии китобро шартан ба ду қисм метавон ҷудо кард. Аввалан, норасоиҳое, ки ислоҳашон чандон душвор нест, зеро, бешубҳа, аз бедиққатии мураттиб ё хатонависии котибони осори шоир сар задаанд.
Масалан:

Духтари май аз канори майкашон яксў гирифт,
Пардае, к-аз кори мо бардошт, худ ҳар рў гирифт.
Базми ишрат, рўшноӣ аз куҷо пайдо кунад,
К-оташи май рафту ҷонаш дуди танбоку гирифт.

Муайян кардан мушкил нест, ки «ҳар» бояд «дар» ё «бар» бошад ва «ҷонаш» – «ҷояш». Вергули баъди калимаи «бардошт»-ро гузоштану вергули барзиёди мисраи сеюмро бардоштан низ ҳусни қироату фаҳми пораро меафзояд.
Қисми дигари норасоиҳо мураккабтар ва барқарор кардани асли мақсад душвортар аст:

Ҳама олам гадои нону нон ку?
Ба ғайр аз қурси маҳ аз нон нишон ку?
Чунон пинҳон хўранд аз сояи хеш,
Киро бошад ғами ҳамсояи хеш?

Ба фикри мо, бунёди мисраи сеюм ҳам бар калимаи «нон» аст. Шоир манзараи қаҳтиро ба қалам додааст ва чунин хондану навиштан маъниро пурқувваттар мекунад, яъне, «Киро ғами ҳамсоя бошад, ки нонро ҳатто аз сояи худ пинҳон мехўранд!».

пешина
аз 323
навбатӣ