МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
ФАРЗАНДИ МОСТ ШЕЪР…
Фарзанди мост шеъру бад-он фахр мекунем,
З-он аблаҳон наем, ки фахр аз падар кунанд.
Ин мисраъҳои саршори ифтихору ғурури шоирона ба
Калими Кошонӣ мутааллиқанд, ки Шамсиддин Нуриддинов «Гули хуршед» ном маҷмўаи ашъорашро омодаи чоп намудааст. Тавассути он китоби хондание манзури мост, ки сайри гулистони суханаш фароғате дорад.
Вале бо таассуф мебояд гуфт, ки ба китоб норасоиҳои фаровон роҳ ёфта, сифати чунин дастовези хубро костаанд. Масалан, дар сафҳаи аввал ин байт омада:
Дар ватани худ гуҳар обилае беш нест,
Кай ба Азизӣ расад Юсуфи нафрўхта?!
Мавриди назар калимаи «Азиз» аст ва зоҳиран хато ҳам нест, зеро лақаби Юсуфи Канъонист. Вале дар ҷойи дигар байти мазкурро ба ин тарз мехонем, ки дар ин маврид ба як фикр набудани мураттиби китобро исбот мекунад:
Дар ватани худ гуҳар обилае беш нест,
Кай ба Азизе, расад, Юсуфи нафрўхта?
Агар аз аломатҳои нобарҷойи китобатӣ бигзарем, дар ҳар ду маврид ҳам сухан аз азизию беқадрии гуҳару инсон меравад (ҳарчанд ишораи нозукеро ба подшоҳи Миср сарфи назар карда наметавонем) ва, беҳтар аст, ки калимаи мазкур ҳамин маъниро ифода кунад:
Дар ватани худ гуҳар обилае беш нест,
Кай ба азизӣ расад Юсуфи нафрўхта?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё