Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мардҳои ин деҳаи аз дунё бурида, ки баҳору тобистон анборҳои худро бо заҳмат аз наску нахуд ва гушти кабку бузи кӯҳӣ пур кардаанд, акнун аз бекорӣ ҳар саҳар бо навбат дар манзили якдигар гаштаки қурутоб доштанд ва шикорчиҳои раҳгузарро низ зиёфат медоданд. Рашид ба маъракаи қурутобхӯрӣ ҳамроҳ мешуд, аммо зиёд намехӯрд, бо шӯхӣ мегуфт, мардуми кӯҳистон ба ин ғизо он қадар рӯған мерезанд, ки бо ин сӯзишворӣ то Душанбе расидан мумкин. Дар ин деҳкадаи начандон бузург, ки теъдоди бошандагонаш бо ангуштони як даст тамом мешавад қурутобро танҳо тирамоҳу зимистон мехӯранд.
Рисолати занҳо бо пухтани фатир ва об кардани қурут тамом мешавад. Бақияи кор бар души худи мардҳост. Онҳо фатирҳои “сангакӣ”-ро субҳ нодамида дастаҷамъона пора мекунанд, ҳам меҳмон, ҳам шикорчиҳои раҳгузар ва ҳам соҳиби хона. Он қадар нон хӯрд мекарданд, ки ангор, як артиш ба қурутобхӯрӣ даъват шудааст. Нонҳоро ба оби қурӯт меадозанд, аз болояш аввал пиёзи бунафш ва сипас рӯғани зардро бебаркаш мерезанд. Равған очунон доғ аст, ки вақти рехтан ба рӯи пиёз ҳавру дудаш ба сақфи хона мерасад.
Занҳо он қадар қурутобдӯстдор набудаанд ва соатҳое, ки мардҳо баъди хӯрдани ғизои равғанин то ними рӯз даҳҳо чойник чойро бо қанду мавизу зардолуи хушк холӣ мекунанд, Нигина ва ҳамсояҳояш аз чолаву ҷӯйборҳо сатилсатил чормағз мебардоранд. Ин деҳа он қадар дарахти чормағз дошт, ки ба чидан тамом намешуд. Фаришта ҳам як халта чормағз ҷамъ кард. Рашид гуфт, беҳуда заҳмат кашид, таҳхона пури чормағз аст.
Бо ин меҳмониравиҳо ва гаштаку маъракаҳои қурутобу кашку кочӣ, зимистон бехабар фаро расид ва гилеми зарди бешаро курпаи сафед иваз кард. Бузҳои кӯҳи аз тарси шикорчиҳо ва бабри барфӣ, дар қуллаҳои кӯҳ маскан гирифтанд ва гурозҳои ваҳшӣ нотарсона шабҳо ба анборҳои мардум ҳамла мекарданд. Фаришта дурахши чашмони ваҳшии онҳоро аз он сӯи наҳр, ки ҷараёнаш то рафт кунд мешуд, медид ва ба баданаш рашъа медамид.

пешина
аз 473
навбатӣ