ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Фаришта ошиқи ҷуфти булбулҳои ваҳшӣ шуд. Бо садои онҳо бедор мешуд ва бо хониши онҳо ба хоб мерафт.
Мурғакон он қадар ба духтар ром шуданд, ки дурӣ аз ӯ барояшон сахтӣ мекард.
Онҳо аз хайли паррандаҳо буриданд ва шабхоро дар тоқи айвон рӯз мекарданд.
-Вақте баргаштем, ман инҳоро бо худ мебарам, - гуфт рӯзе Фаришта.
-Инҳо булбули ваҳшиянд, дар шароити шаҳр зинда намемонанд, -гуфт бо таассуф Рашид.
-Пас ҳоли инҳо чӣ мешавад?
-Як муддат дилтанг мешаванд, афсурдагӣ мегиранд, аммо беша ба дардашон даво мебахшад. Баъдан инҳо аввали тирамоҳ ба кишварҳои гарм мераванд ва фасли баҳор бармегарданд. Агар насиби дидор бошад, баҳорон онҳоро боз мебинӣ.
Чашмони Фаришта пури ашк шуд.
-Кай мераванд?
-Эҳтимол баъди даҳ-понздаҳ рӯз. Зиёд ба онҳо начасп, бигзор каме бо хайли худ бошанд, аз муҳоҷират қафо намонанд.
Тирамоҳ ҳам фаро расиду қолини сабзи беша бо гилеми зарду ҷигарӣ иваз шуд. Булбулҳои Фаришта як ҳафта пеш муҳоҷират карданд. Саҳар буд, онҳо гирди сари Фаришта чарх заданд, дар шонаҳояш нишастанд, барояш суруд хонаданд ва баъд ба селаи паррандаҳо, ки дар фарози беша чарх мезад, пайвастанд. Селаи муроғон дар осмон гоҳ ҳарфи “З” мешуд, гоҳ “А” ва гоҳ “М” ва ниҳоят ба як хати борик табдил ёфту аз назарҳо нопадид шуд.
Тирамоҳи ин мавзеъ мисли тобистонаш зебо, аммо пур аз бодҳои сард будаст. Шамоли сарди кӯҳистон чун гургҳои гурусна уллос мекашад, дарахтҳоро урён мекунад ва баргҳои тиллоиро то домани кӯҳ мекашонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё