ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданҲавасам меомад, дар хона худро чун гурба ба зонуи падарам мемолидам. Ӯ хашмгин мешуд ва ҳамон тавр, ки як гурбаро меронанд, маро ба пушти даст аз худ дур мекард. Намедонам иллаташ чӣ буд, шояд ба ин далел, ки модарам фақат духтар ба дунё меовард вале падарам дар ҳасрати як писар буд?
Ивазаш модарам ҳамаи муҳаббаташро ба мо панҷ хоҳар медод, дӯстдорӣ мекард, ҷонашро дар ҷонамон мегузошт.
Мегуфт:
- Ба падарат чаққа нашавед, аз кор омадааст, хаста аст”- ӯ бо ин ҳарфҳо ба дағалии падарам нисбат ба мо сарпӯш мегузошт.
-Одамҳо мутафовитанд, бархе эҳсоси худро озодона иброз мекунанд, бархи дигар ё шарм медоранд, ё бовар доранд, ки лутфи аз ҳад беш кӯдакро пуррӯ мекунад... Ба дил нагир. Дар зимн, мо хонаи Нигина даъват шудаем, баъди ним соат ба роҳ мебароем, омода шав.
Хонаи Нигина мисли соҳибаш гарму нарму самимӣ буд.
Ҷиҳози замонавӣ надошт, аммо муҳити дилкушое дошт.
-Дугона моро айб накунӣ боз, хонаи “фасон” надорем, гилему болишту курпачаҳое, ки мебинӣ, аз замони арӯсиям боқӣ мондаанд. Отаи кӯдако ҷевону тахти хоб фармоиш додааст, худо хоҳад то баҳор мерасанд. Гунаҳои Нигина аз хиҷолат сурх шуданд.
-Хонаи бисёр зебову барҳаво доред, ҳолу ҳавои одамро дигар мекунад. Дилам барои нишастан рӯи курпача ва такя задан ба болишт танг шуда буд,- гуфт Фаришта ва аз бари боло гузашту рӯи курпача чорзону зад.
-Бовар надоштам, ки меоӣ.. - гуфт Нигина ва болиштҳои нармро ба Фаришта дароз кард. - Охир он рӯз ҳолат хуб набуд... Рӯзи шикори бузи кӯҳиро мегӯям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё