ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ин ҳарфҳо ба Рашид мефорид ва ӯ хаёломез лабханд мезад.
Ҷуфти булбулҳои ваҳшӣ дигар аз болои сари Фаришта дур намешуданд. Дар лаби айвон барояш тарона мехонданд ва ҳар ҷо, ки равад ба думболаш мерафтанд. Гоҳо бо Рашид якҷо дар айвон қаҳванӯшӣ мекунанд. Рашид устоди қаҳвапазӣ аст, кафки болои қаҳвааш чӣ маззае дорад!
Ҳарду бо ҳам то дер суҳбат мекунанд. Рашид аз хотираҳои зиндагиаш дар Русияро қиссаҳои хандадор нақл мекунад.
-Акаи Рашид, зани дӯстдоштаат чӣ ном дорад?
-Исмаш Мария аст, ман ӯро Марям садо мекунам, хушаш меояд.
-Ин қадар сол бо ҳам будед, бача надоред?
-Марям аз издивоҷи аввалаш як писар дорад, ҳафтсола буд, ки ман бо модараш шинос шудам, ҳоло ӯ понздаҳсола аст, ман ӯро ҳамчун фарзанд дӯст медорам. Орзу доштем, ки як духтари зарринкокул ба дунё биёрем, аммо нашуд, Марям дигар таваллуд кардан нахост, ман ҳам маҷбураш накардам.
Муҳим нест фарзанд аз кӣ таваллуд мешавад, муҳим ин аст, ки ӯро кӣ бузург мекунад. Ман дар хурдӣ ятим мондам, маро шавҳари амаам мисли фарзанди худаш бузург кард, тамоми нозҳоямро мебардошт, бе ман субҳона намехӯрд. Боре ҳам нашудааст, ки ман чизе бихоҳаму язнаам “на” бигӯяд. Бо ӯ ҳаргиз бепадариро эҳсос накардам. Аммаам модарам шуду язнаам ҷойи падарамро гирифт. Барои ҳамин намехоҳам онҳоро озурда кунам.
Фаришта ба достони садоқати як падар ба фарзандро бо тааҷҷуб гӯш дод ва ба ёди падари худаш афтод, ки бадқавоқ, аз ҳама норозӣ ва бераҳм буд, дилсӯзиро намедонист.
Инсони шариф будааст язнаи шумо, ман аз падарам хотироти хубе надорам. Аз синни панҷ-шашсолагиам баъзе саҳнаҳои ҷолиб дар ёдам мондааст, аммо падарам дар ҳеҷ яки ин хотираҳо нест. Дугонае доштам, ки панҷ хоҳару се бародар дошт, гоҳ-гоҳ вақте ба хонаи онҳо мерафтам медидам, ки падараш хоҳаронашро сари зонуяш мегирифт ва “духтар ба нози дада” мегуфту онҳоро болои сараш мебардошт ва барояшон суруд мехонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё