Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Нагуфтӣ, ки ҳамсарат ҳомила шуд билохира?
  • Не, нашуд.
  • Боке нест, ягон кӯдаки ятимро бузург кунед, зиндагиатон ширин мешавад, ман инро таҷриба кардам.
  • Гуфти номи духтарат чӣ аст?
  • Суман!
  • Ҳамон тавре, ки орзуяшро мекардӣ, ҳамқофияи номи Атан. - гуфт мард андешамандона, гӯё бо худаш ҳарф мезад.
    Ӯ ғарқи андеша аз дар берун шуд.
    Аз почта ду қуттии бузург оварданд, ки Ҷон аз Утриш фирстода буд. Дар яке портрети зан бо духтараш буду дар дигаре Атан, ки гаҳвораи кӯдакро меҷумбонад. Атан акси худро диду ба тарафаш аккос зад, хеле хандаовар буд. Ҷон дар дохили портрет номае фиристод. Навиштааст, ки видиеои гаҳвораҷумбонии Атан дар як сабқати муҳим баранда шуд ва пули калон ба даст овард. Ҷон дар як бонк ба номи Суман ҳисоб боз кардааст ва он пулро ба ҳамон ҳисоб мегузаронад.
    Маросими ҷоизасупорӣ тобистон баргузор мешавад ва қаҳрамонҳои акс бояд дар он маросим иштирок кунанд.
    Сафар аз ҳисоби Кумитаи маросим аст.
  • Апаҷон маро ҳам баред, - зорӣ кард хоҳараш, - ман аз Душанбе дуртар ҷоеро надидаам, маро ҳам баред. Ба Ҷон нависед, ки мо ҳама меоем, ҷон апаҷон!
  • Мо рафтему ту мондӣ! Кӣ гуфт, ки мо Утриш меравем, духтарам ҳоло барои чунин сафарҳо хурд аст. Коргарҳо чӣ мегӯянд? Хоҳараш маъюс шуд.
    Ҷон ҳар рӯз паём мефиристод, саҳару бегоҳ, зиндагиашро соат ба соат менавишт, он қадар бисёр навишт, ки зан ба паёмҳои ӯ одат кард ва агар як рӯз нанависад безобита мешавад. Дар яке аз номаҳояш навишт, ки “дилам бароят танг шудааст, кош бо ман мебудӣ”. Зан “қаҳр” карду дигар ба номаҳояш ҷавоб надод. Як ҳафта гузашт, Ҷон ҳам дигар чизе нанавишт. Зан зуд-зуд телефон рӯшан мекард, аммо дигар паёме наомад.
пешина
аз 473
навбатӣ