ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданНоумед шуд, хуморӣ шуд.
Як субҳ хоҳаронро садои ав-ави Атан бедор кард. Саг ба сӯи дар ҳаллос мезад ва мехост онро боз кунад. Садояш хашин набуд, бетоқатии олуда ба ҳаяҷон буд. Хоҳараш рафт, ки дарро боз кунад. Зан дасташро боэҳтиёт аз зери сари духтараш берун кашид, то бедор нашавад. Ин дам аз ҳавлӣ нидоҳои шодӣ ва ханда баланд шуд. Зан ба сӯи овозҳо шитофт. Ҷонро дид, ки дар зери бори Атан ва хоҳараш дар замин ғел мезанад. Ҳавлӣ пур аз ханда буд. Ҷон занро диду гунаҳкорона аз ҷояш бархост.
- Маро бубахш, ки дигар тоқат накардам ва беиҷозат омадам..
Қалби зан аз ҳаяҷон меларзид, аз шарм сурх шуд ва дасташро барои салом ба сӯи Ҷон дароз кард. - Дили ман ҳам барои ту танг шуда буд. - гуфт.
- Дили як нафари дигар ҳам барои шумо танг шудаст. - гуфт хоҳараш ва ба сӯи айвон ишора кард.
Суман калавида-калавида аввалин қадамҳояшро дар рӯи замин мегузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор