ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданПеш аз ҳама, Атан ба тарафи дар давид, аммо баъди лаҳзае бесадо ақиб гашт, на аккос зад на ғуррид, ангор касе онҷо набуд, зан ҳайрон шуд. Дарро боз карду ҳамсарашро дид, бечораҳол буд. Ӯро ба хона даъват намуд.
Бори аввал эҳсос кард, ки дар дилаш нисбат ба ин мард на хашм дорад, на муҳаббат ва на бадбинӣ. Мард дар берун коляскаро дид ва аз дохили хона садои хандаи кӯдак ва хоҳарзанашро шуниду ҳайрон шуд.
- Меҳмон доред? - пурсид бо садои паст
- Не, меҳмоне нест,
- Овози кӯдак аз куҷост?
- Ин овози духтари ман аст, мехоҳӣ духтари маро бубинӣ, як духтари ноз аст, асал аст.
- Суманро биёр хоҳар!
Хоҳараш кӯдакро, ки дар танаш либосҳои саропо гулобӣ дошт ва ба тути фарангӣ монанд буд, ба ҳавлӣ баровард. Ӯ нуҳмоҳа шуда буд ва рӯзи гузашта аввалин бор оча гуфт.
-Ин духтари деринтизори ман аст, ба амакат салом бигӯ ҷони модар.
Мард дасти кӯдакро бӯсид, аммо чизе напурсид, аз модару кӯдак чашм намеканд. Ӯ занро дар солҳои аввали издивоҷашон чунин хушбахт дида буд. - Аз ту пурсем, хонавода хуб ҳаст? Модарат, ҳамсарат ҳама хубанд?
Мард чизе гуфт, ҳарфаш рушан набуд, зан нафаҳмид ӯ чӣ гуфт. - Ту тағйир ёфтаӣ, чизе дар ту дигар шудааст, гуфт ӯ
- Ман аз рӯи роҳнамои ту амал кардам. Шабе, ки ту ҷомадонҳоятро бардоштиву рафтӣ, пурсидам, ки ман чӣ кор кунам, гуфти зиндагӣ кун, мисли занҳои дигар. Машварати хубе буд, ман ҳам зидагӣ кардам, ба он шевае, ки дар тавонам буд. Ту барои ман муаллими хубе будӣ.
Мард чизе нагуфт, лабҳояш фишурда шуданд. Каме нишаст, бе он ки чизе бигӯяд, аз ҷой бархост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор