Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Модараш гуфт, ки як қисми боғи падариро фурӯхтанд ва пулашро дар бонк гузоштанд.

  • Хоҳарат гуфт, ки коргоҳ мекушодаӣ, ин пул барои оғоз ва идомаи корат кофӣ аст.
  • Даркор набуд очаҷон, ман худам оҳиста-оҳиста ба по мехестам.
  • Хонавода барои ҳамин рӯзҳост, боғ ба мо чӣ даркор, агар донем, ки духтарамонро он мард нимароҳ кардаст.
    Модараш билохира тоқат накарду гирист.
    Зан аз кӯдакаш серӣ надошт, хоб бошад базӯр бедораш мекунад, то хандаашро бубинад ва чун гунҷишк “ғут-ғут” карданашро.
  • Вой, ман бе ту ин ҳама сол чӣ тавр зистам, азизам, ту куҷо будӣ, дардат ба ҷони модар.
    Кӯдак чаҳормоҳа шуд ва акун чеҳраҳоро мешинохт.
    Модарашро бинад, мисли гунҷишк даҳонашро боз мекарду нӯлҳояшро борик ва бо забони худаш чизе мегуфту дастак мезад, ангор, мехост парвоз кунад. Атанро мебинаду механдад. Дили Атан мехоҳад, ки сар то пои кӯдакро забон занад, аммо зан иҷозат намедиҳад. Ӯ гоҳ-гоҳ дар набудани зан кафи пойи кӯдакро мелесад ва ӯро механдонад. Зани вакил чанд дафъа хабаргирӣ омад, ширу ҷурғот овард ва барои кӯдак муҳраи чашмӣ. Ду дафъа ҳарфи Ҷонро дар миён андохт, зан ҳарфи ӯро об надод.
    Зиндагии зан ширин шуд, ширинтар аз оне, ки буд. Бо пули боғи падарӣ коргоҳ кушод, чанд нафарро истихдом кард, куртаҳои дӯхтааш дар байни муштариҳо маъруф шуданд, ҳатто ситораҳои синамо ва телевизион ба ӯ пероҳан фармоиш медоданд дар борааш мақолаҳо навиштанд ва ба ҷаласаҳои занҳои тоҷир даъват мекарданд. Аммо ҳоло ҳам вақти бештарашро бо духтараш мегузаронд.
    Рӯзе аз ҳамин рӯзҳо, ки сари зан аз хушбахтӣ ба осмонҳо мерасид ва хонааш пур аз навоҳои ширин буд, садои занги дар баланд шуд.
пешина
аз 473
навбатӣ