Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бо шумо одат кардам. Шумо зани фавқулоддае ҳастед, масъулияти ин кӯдаки ятимро бар дӯш гирифтед, ман хеле мутаассир шудам.
Мехоҳам ба кӯдак кумаки молӣ кунам. Зан мехост ҳарфи ӯро қатъ кунад, аммо Ҷон имкон надод, - хоҳиш рад накунед, ман мехоҳам як кори хуб анҷом диҳам ва аз он ифтихор кунам.
Агар зид набошед адреси почтаи электронии шуморо гирам ва рақами телефонро.
Зан адреси худро дар телефони Ҷон навишт.
-Ман бо Атан бисёр одат кардам, саги олиҷаноб аст, агар сагро фурӯшед мехостам онро бо худам бубарам.
-Атанро? - абрувони зан чин шуданд. - Шумо намедонед Атан дар зиндагии ман чӣ ҷойгоҳ дорад, Атан ҷони ман аст, ӯ наздиктарин каси ман аст. Як нафар ӯро боре бурду барои се моҳ гумном кард, ман қариб мемурдам. Ман бе Атан мемирам. Ӯ ҳам бе ман зиста наметавонад. Ин ҳарфро дигар нагӯед, ман меранҷам.

  • Саги фавқулодда аст. - гуфт мард бо ҳасад.
  • Бале, Атани ман мисли инсон ҳассос аст, доно аст, танҳо забон надорад, ки ҳарфи дилашро бигӯяд.
    Ҷон пушаймон шуд, ки чаро ҳарфи Атанро дар миён кашид ва шоми худоҳофизиро хароб кард.
    Ӯ сагро хеле бағал кард, ба забони утришӣ чизе дар гӯшаш хонд, кӯдакро бӯсид ва дасти занро фишурду рафт.
    Зан ҳам ҳис кард, ки дар ин чанд рӯз бо ҳузри ин марди сару либосаш аҷибу ғариб одат кардааст.
  • Беҳтарин номзадро аз даст додед. – гуфта, хоҳараш ҳамшираашро мазоҳ кард.
    Охири ҳафта модараш омад. Аз дигаргуниҳои босуръати зиндагии духтар шигифтзада шуд, аммо ӯро накӯҳиш накард.
    Духтарашро ба оғӯш кашида, набераашро бӯсид. Зани ҳамсояи бо табақи ош омад, то бо меҳмон саломуалейк кунад.
    Модараш як ҳафта бо духтаронаш монд. Ҳавлӣ пур аз садо шуд, садои Атан, гиряи кӯдак, рақсу таронасароии хоҳараш, қаҳ-қаҳи ҳамсоя ва аллагӯии модараш.
пешина
аз 473
навбатӣ