Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кори Ҷон тӯл кашид, зан дар рӯи кат дастархон кушод, бо ҳам шом хӯрданд.
-Ҷон, шумо ба мо хеле кумак кардед, миннатдорам.

  • Арзиш надорад, ин кӯдак барои ман ҳам муҳим.
  • Бори дигар ташаккур. - гуфт зан бо табассум.
  • Суратҳоро пагоҳ биёрам?
  • Пагоҳ? Аҷалае нест, то рафтанатон биёред мешавад.
  • Пагоҳ меорам, - хирагӣ кард марди утришӣ.
    Зан пеш аз посух додан каме фикр кард, мехост бигӯяд, ки ин ҷо Аврупо нест, як мард ду дафъа хонаи зани бешавҳар дарояд, мардум сад ҳарф дармеоранд. Аммо чизе нагуфт.
  • Ҳмм, бошад пагоҳ биёред, гуфт.
    Ин рӯзҳо Атан барои худ машғулият ёфт, аз хонаи кӯдак дур намешуд, меҳри сарфнашудаи модариашро ба ин тифл баст. Садои гиряи кӯдак баланд шавад, мисли модарарӯси ҷанҷолӣ хонаро ба сараш мебардорад, ки биёед, кӯдак гиря дорад. Гаҳвораи кӯдакро бо сараш тела медиҳад ва меҷумбонад. Хеле бо ӯ меҳрубон аст. Вақти хоби кӯдак дар пойи гаҳворааш менишинад ва хобашро посбонӣ мекунад ҳамон тавр, ки хоби соҳибашро посбонӣ мекард. Дигар барои тамошои бачааш саҳар ба назди дар намедавад ва дар гирди девори ҳамсоя ҳам намегардад. Кӯдак барои ӯ маънии зиндагиаш шуда буд. Зан сагро барои ин муҳаббат ва садоқаташ бештар дӯст дошт. Тирамоҳ рӯзҳои офтобии башумор дорад, зан рӯзҳо коляскаи кӯдакашро берун мебарорад, то кӯдак дар ҳавои тоза хоб кунад. Атан дар пойи коляска ҳалқа мезанад ва гоҳ-гоҳ онро тела медиҳад, меҷумбонад. Рӯзе, ки Ҷон бо албоми суратҳо омад, Атан коляска меҷумбонд. Ҷон дастгоҳи аскосиашро гирифта, чанд аксу навор бардошт. Аксу наворҳҳои бардоштааш оливу хеле устодона буданд.
    Зан Ҷонро ба сари дастархон даъват кард. Хоҳараш бо чӣ баҳонае онҳоро танҳо гузошту рафт.
  • Ман фардо ба Утриш бармегардам, истироҳатам тамом шуд, хостам якбора бо шумо хайрухуш кунам.
пешина
аз 473
навбатӣ