Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Не, апаҷон, Ҷон барои ту ин қадар ҷон меканад, беҳтараш ман бо хоҳарзодаам мешинам, шумо худатон равед.
    Зан ноилоҷ розӣ шуд.
  • Ширашро сари вақт бидеҳ, либосашро зуд-зуд иваз кун.
  • Чашм, шумо биравед, мо кори худро баладем. Ба ҳар ҳол ду додар калон кардаем. - хандид хоҳараш.
    Зан қариби бегоҳ баргашт духтарашро ёд карда буд, ӯро дар замин намемонд, мебӯсиду бӯ мекашид. Фаромӯш кард, ки ҷиҳози харидааш дар мошини Ҷон монд. Ҷиҳози зиёд харида буд, дар мошин базӯр ҷо шуданд. Ҷон ҳамаро ба хона даровард ва асбобҳои амакашро аз мошин берун овард ва қисматҳои гаҳвораро бо ҳам васл кард ва ба хонаи хоби зан гузаронд. Баъд мизу курсии кӯдакро дуруст кард ва коляскаро ҳам.
    -Акаи Ҷон тахассуси шумо чӣ аст? - пурсид духтар, ки аз чолокии Ҷон ба ҳайрат афтода буд. Ҳамширааш норозиёна ба хоҳараш нигоҳ кард.
  • Ман муҳандиси сохтмон, инжинер,
  • Ман хаёл кардам шумо суратгиред ё наворбардор
  • Не, суратгирӣ ҳоббии ман аст, дӯст медорам.
  • Ҳамсари шумо зани хушбахт аст, устои тайёр дар хонааш,- гуфт духтар ва ба тарафи ҳамширааш чашак зад.
  • Ман ҳамсар надорам, ҳеҷ вақт надоштам.
  • Чаро? - пурсид духтар. Зан дасти хоҳарашро ба қаҳр пучид, чӣ кор дорӣ ба ӯ, гуфт оҳиста дар гӯшаш.
  • Дар Аврпуо мардум дер издивоҷ мекунанд, барои издивоҷ бояд ошиқ шавӣ, дӯст дорӣ - гуфт Ҷон ва кораш идома дод. Зан ба хона даромаду хоҳарашро ба ишораи даст “биё” гуфт.
  • Девонаӣ ту духтар, чаро часпидӣ ба ин бечора, боз фикр накунад, ки мо барояш барнома кашидаем.
  • Аз Худо мехоҳад, ки барояш барнома кашида бошед, магар намебинӣ чӣ тавр ба шумо нигоҳ мекунад?
пешина
аз 473
навбатӣ