Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯ ҳамроҳи саг ғел зад, сагро пуштора кард, ҳамроҳаш ба замин дароз кашид ва сагро маҷбур мекард, ки ӯро бибӯсад, дастгоҳи аккосӣ худаш сурати онҳоро мегирифт.
Баъд ба зан гуфт, омодааст бо кӯдак як силсила акс бигирад?

  • Намедонам, бояд либос иваз кунам, худро оро бидиҳам..
  • Зарур нест, шумо бисёр зани зебо ҳастед, ороише даркор нест. Гунаҳои зан сурх шуданд, то ҳол ҳеҷ марде ба ҷуз ҳамсараш ҳусни ӯро ошкоро ситоиш накарда буд. Ӯ пироҳани зебо пӯшид гесувонашро шона зад, пероҳани беҳтаринро ба духтараш пӯшонд ва дар рӯ ба рӯи дурбин қарор гирифт. Ҷон даҳҳо акс бардошт, кӯдакро, модарашро, ҳардуро якҷо. Хоҳиш кард, ки зан дар бари кӯдак дароз кашад ва бо ӯ бозӣ кунад. Зан хаста шуд, гуфт, ки бас аст, бояд ба бозор раванд ва барои кӯдак гаҳвора бигиранд.
  • Агар хоҳед ман ба шумо кумак мекунам, -гуфт Ҷон
  • Кумаке лозим нест, ба мо мошин даркор.
  • Мошин ҳаст, мошини амак, ба ман дод, то рафтанам
  • Айб мешавад, беҳтараш мо аз пеши мағоза мошин киро мекунем.
  • Айб нест, даҳ дақиқа сабр кунед, ман бармегардам.
    Ҷон ҷиҳози аккосиашро партофту мисли бачаҳо давдавон рафт.
  • Апа, ба фикрам, Ҷон ба шумо ошиқ шудаст чӣ бало?- хандид хоҳараш.
  • Ҷон? Ба ман? - зан аз ханда пуштак зад, - ин мардак мисли масхарабози сирк аст, агар рӯзе ба марде таваҷҷӯҳ кунам, Ҷон дар ин рӯйхат охирин хоҳад буд, яъне аз ночорӣ.
    Ҷон зуд баргашт. Чеҳраи зардинааш аз саросемагӣ сурх шуда буд ва гуфт:
  • Овардам мошин.
  • Шояд ту бо Ҷон биравӣ, ман аз духтарам муроқибат кунам,- гуфт зан ба хоҳараш.
пешина
аз 473
навбатӣ