Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Атанро дар долон хоб набурд, ӯ ними шаб ба хонаи хоби соҳибаш гузашт ва дар кунҷе ҳалқа зад.
Шаб кӯдак ором хобид, ҳатто боре ҳам бедор нашуд.
Хонуми вакил гуфт, ки кӯдак соати шаши саҳар шир мехӯрад.
Зан ширро пештар аз бедоршавии кӯдак омода карда, чашм аз рӯяш намеканд.

  • Ту чӣ қадар нозӣ, чӣ қадар ширинӣ, ҷони ман, бедор шав чашмонатро бубинам, бедор шав, бо забони мурғҳо бо ман суҳбат кун, ҷони модар. Зан бо ангуштонаш абрувони кӯдакро шона мезад, рухсораҳояшро навозиш мекард ва аз ӯ чашм намеканд. Атан ҳам аз соҳибаш чашм намебардошт.
    Зан аз дирӯз бо ӯ ҳарфе назад, навозиш накард, саг маҳзуну афсурда буд.
    Саг бо садои паст зуза кашид.
    -Атан, наздик биё бо духтари ман шинос шав, ёдат ҳаст гуфта будам, ки исми духтарам бо номи ту ҳамқофия аст? Ту Атани духтари ман Суман. Бо ӯ меҳрубон бош, мисли хоҳар, рашк накун. Ман туро мисли ҷонам дӯст медорам, ту ҳам духтари маро дӯст дор, мисли ҷонат. Саг бо шикам хазида ба назди кӯдак омад, дастони кӯчаки тифл аз парпеч берун буданд. Ин дасти кӯчак шояд хотираи кӯдаконашро дар зеҳни Атан зинда кард, ки ӯ ангуштони кӯдакро буй кард ва сар ба болинаш гузошт. Ин дам кӯдак бо садои баланд гиряро сар дод ва Атан аз тарс ба берун гурехт.
    Қарибиҳои зуҳр Ҷон омад, бародарзодаи вакил, бо худ як даста таҷҳизот овард. Либосҳои аҷибу ғарибе дошт, шими кӯтоҳи сафед, куртаи гулобӣ ва дар гарданаш як рӯймоли арабӣ. Зиёд хушандом набуд, аммо чеҳрааш ҳамеша механдид, ангор агар ғаму андуҳ ӯро бубинанд, роҳашонро дигар мекунанд.
    Атан бо Ҷон зуд унс гирифт, гӯё ӯро солҳо медонист. Ҷон чатри сафеди бузургро боз кард, пояҳои дастгоҳи аккосиро ба замин гузошт ва бо Атан дар ҳар шакл акс бардошт.
пешина
аз 473
навбатӣ