ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданӮро аз ҷонам бештар дӯст медорам ва бузургтар шуд, бо хоҳарону бародаронаш шинос мекунам. Мехоҳам бидонад, ки решаҳояш дар куҷоанд.
Меҳмонҳо ба ҳавлӣ баромаданд, зани вакил ба хоҳарон фаҳмонд, ки ба кӯдак кай ва чӣ қадар шир диҳанд. Ҷон мехост бо Атан акс бардорад, аммо саги ҳама ҷо ҳозир худро куҷое пинҳон карда буд.
- Метавонам пагоҳ биёям? - хирагӣ мекард ҷавони лаҳҷадор, - аксҳоро ҳам меорам, шумо ҳам омода шавед бо кӯдак акс мегиред.
- Бошад, биёед, розӣ шуд зан.
Баробари пӯшида шудани дар хоҳарон парпечи кӯдакро боз карданд. Кӯдаки ширинрӯю зебое буд. - Апаҷон, ин духтарак нусхаи шумо аст, чашмоша бинед, пӯсти сафедаш, мӯйҳои фир-фириаш, эҳитимол модараш зани зебо буд ё падараш марди хушандом. Бечора ба замин по нагузошта аввалин зарбаҳои зиндагӣ ба сараш зад.
- Ман ӯро бо ишқ бузург мекунам, ҳам падараш мешавам, ҳам модараш. Ҳоло хоҳӣ дид, чи духтаре мешавад!
Ду хоҳар кӯдакро мисли арӯсак то ними шаб шустанду даҳ хел либос пӯшонданд, ҷойи хоби нарм омода карданд ва шир доданду алла гуфтанд. Хеле кӯдаки ором буд, ширашро хурду зуд хобаш бурд. Зан бехоб шуда буд, мехост кӯдак ҳам хоб наравад, то ӯро тамошо кунад, чашмонашро, чеҳраашро, хандаашро.
Атан ними шаб пайдо шуд. Касе ба ӯ аҳаммият надод ва хоҳарон дар гирди он парпеч давуғеҷ доштанд. Саг ба хонаи хоб надаромада, дар долон дароз кашид ва фукашро рӯи дастонаш гузошта, маҳзунона ба фикр фурӯ рафт. - Ба назарам Атан қаҳр кардаст, - гуфт хоҳараш вақте бори дуввум барои кӯдак шир гарм мекард,- дар долон дароз кашидааст, гуфтам биё, ҳатто сар набардошт.
- Шояд рашк мекунад, то ҳол тамоми муҳаббати ман моли Атан буд, ҳоло ин муҳаббат бояд тақсим шавад ва ҳиссаи бузургтарро духтарам бигирад, чун муҳтоҷтар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор