Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Биё натарс, биё ҷонам, ҳасудӣ накун, ҷойи ту ҳамеша дар дили ман аст, ҷонам, биё.
    Атан бо дили нохоҳам пеш омад, парпечро бӯй кашиду дасти соҳибашро лесид ва боз ба остонаи дар баргашт.
    Меҳмонҳо хандиданд.
  • Метавонам бо саги шумо акс бигирам? - пурсид марди малламӯй
  • Ҳоло не, бигзор чашмаш каме бо шумо одат кунад, Атан саги меҳрубон аст, аммо бо бегонаҳо ба сахтӣ хӯ мегирад. - гуфт зан.
    Хоҳари зан бо табақ ба хона ворид шуд ва ҳамаро ба ошхӯрӣ даъват кард. Меҳмони лаҳҷадор аз ош ҳам якчанд акс бардошт.
  • Ин ҷавон бародарзодаи ман аст, Ҷон ном дорад ва аз Утриш меҳмонӣ омадаст. Нороҳат нашавед, қасди баде надорад, аз сарнавишти кӯдак хабар дошт, чун шунид ӯро пеши модараш мебарем, “ман ҳам меравам”, - гуфта, пофишорӣ кард. Диламон нашуд хоҳишашро рад кунем.
    Меҳмонҳо ошро хӯрданду омин карданд. Зан мехост зудтар бираванд, то бо кӯдак танҳо монад. Вакил санади таваллуди кӯдакро ба зан дод ва гуфт, ки ба идораи Сабти номҳо биравад ва барои кӯдакаш шаҳодатнома бигирад.
  • Ин дигар духтари шумо аст, дар шаҳодатнома низ исми шумо навишта мешавад. Зан санадро бӯсиду ба синааш зер кард ва рӯ ба домулло овард.
  • Қиссаи як дари баста ва сад дари бозро ёд дорам, ака, ман аз шумо то қиёмат миннатдорам.
    Домулло даст ба дуо бардошт: “Худованд ҳардуи шуморо дар паноҳаш нигаҳ дорад, ман дар намозҳоям барои шумо дуо мекунам”- гуфт.
    Зан ба меҳмонҳои дигар рӯ овард ва дар ҳоле, ки ашк гулӯгираш мекард гуфт:
  • Ман ин тифлро аз Худо талабида будам. Худо ӯро ба дасти шумо фиристод ва аз ҳамаи шумо миннатдорам.
пешина
аз 473
навбатӣ