Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чаҳор нафар буданд, домулло, вакил, ҳамсари вакил ва як марди малламӯйи 30-35-сола, ки зоҳиран тоҷик набуд.
Домулло бо хилъату саллаи қаҳваӣ ва болопӯши ҳарири сиёҳ ба қаҳрамонҳои филми «Симбоди дарёгард» монанд буд.

  • Духтаратро ба даст намегирӣ? - гуфт зани вакил бо лабханд.
    Зан беҷурътона кӯдакро аз бағали ӯ бардошт ва беихтиёр ба синааш пахш кард, гӯё ҷаҳонеро ба оғӯш гирифт, вуҷудаш аз эҳсоси ширин ва беназир пур шуд. Кӯдакро ба лабонаш наздик овард ва бӯй кашиду чашмонашро пӯшид, ягон атр ба бӯи ин кӯдак баробар намешуд.
    Ҷавони малламӯй аз ҷувздонаш дастгоҳи аккосиашро баровард ва аз чанд зовия акс бардошт. Зан кӯдакро мебӯсиду мебӯсид, шарм аз рӯяш парида буд, ҳузури касеро эҳсос намекард
  • Чаро дер кардӣ, азизам, медони чӣ қадар мунтазират будам? Медонӣ солҳо хоби туро медидам, дар рӯъёҳоям бароят лолоӣ мехондам, ҷони ман хуш омадӣ, ба ғамхонаи ман сафо овардӣ.
    Ин саҳна меҳмонҳоро мутаассир кард. Зани вакил ашки чашмашро бо нӯги рӯймолаш пок мекард. Вакил ва домуло сарашонро хам карданд, то чашмони нами онҳоро дигарон набинанд. Ҷавони малламӯй ҳамоно акс мебардошт.
    Атан ин саҳнаро аз остонаи дар тамошо мекард, аз парпечи дасти соҳибаш чашм намеканд, ҳайрон буд. Ин дам чашми меҳмони малламӯй ба Атан афтод.
    -Вау, ин саги Доберман моли шумост? - хитоб кард ӯ ба забонии тоҷикии лаҳҷадор.
    Зан ба сагаш нигарист, ӯ номи зоти Атанро бори аввал мешунид.
    -Бале ин саги ман аст, худам бузургаш кардам, биё Атан, биё хоҳаратро бубин.
    Атан аз ҷой наҷумбид, забонаш аз даҳонаш берун буд ва зуд-зуд нафас мегирифт.
пешина
аз 473
навбатӣ