Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шояд вакил натавонист санад бигирад ва мақомот гуфтанд, ки кӯдакро ба он зан додан хилофи қонун аст? Ё кӯдак мариз шуду ба бемористон афтид?». Зан худашро сарзаниш мекард, ки чаро рақами телефони домуллоро ё вакилро нагирифт.
Зуҳр ҳам гузашту баъди зуҳр ҳам, аз кӯдак хабаре нашуд, дилаш тоқат накард, ба хонаи ҳамсоя рафт, то адреси вакил ё домуллоро бигирад. Ҳамсоя аз таҳаввулоти ахир шод шуд, ҳатто аз шодӣ ашк рехт. Зан нишонии вакилро гирифт, ҳамсоя хонаи домуллоро намедонист. Манзили вакил дар охири кӯча будаст, дарро духтараки зебое боз кард, ки зоҳиран духтари вакил буд, мисли чашмҳои падараш чашмони меҳрубон дошт. Духтарак гуфт, ки волидонаш бо ду меҳмони дигар ба ноҳияи Варзоб рафтанд ва то ҳол барнагаштанд.

  • Ҳамин соатҳо меоянд, шаб намемонанд, як меҳмони раҳдурӣ дорем, бояд ба шаҳр баргардад, мардуми деҳаро медонед, меҳмонро ба осонӣ раҳо намекунанд. Зан осуда шуда, ба хона баргашт, шарм дошт рақами телефон бигирад.
    Ҳарду хоҳар дар интизори омадани меҳмонон рӯи кати ҳаавлӣ нишастанд, гӯш ба овози дар буданд. Зан ҳар лаҳза аз хоҳараш мепурсид, ки “соат чанд аст?”.
    Соат ҳашт шуду кӯча торик. Хоҳар, ки то ин дам ҳамшираашро ба сабурӣ даъват мекард, худаш ҳам каме ноумед шуд. Саг дар поёни пойи онҳо нишаста буд ва ба монанди соҳибаш чашм аз дар намеканд. Ногоҳ гӯшҳояш сих шуданд ва аз ҷой бархосту ба сӯи дар давид, зан аз зону сар бардошт. Ин дам саг аккос зад ба ва ба думболаш занги дар баланд шуд.
    Аз ҳама аввал зани вакил тифл дар бағал “бисмиллоҳу раҳмону раҳим” гуфту аз дар даромад. Дили зан аз синааш лағжид, чашмаш танҳо ҳамон парпечи бағали зани вакилро медид, дигар касе дар назараш наметофт. Зан аз шодӣ шок шуд.
    Меҳмонҳоро хоҳараш ба хона даъват кард ва дар гирди мизи пур аз нозу неъмат нишонд.
пешина
аз 473
навбатӣ