Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳар пероҳанро бо тугмаву муҳраҳои дурахшон оро медод ва бо риштаҳои заррин гулдузӣ мекард. Лабханд мезаду зери лаб тарона мехонд ва дилаш дар интизори фардо гум мезад. Саг аз соҳибаш дур намешуд, чеҳраи шоди ӯ ба саг оромишу ҳаловат мебахшид. Хоб аз дидаи ҳарду парида буд. Кош зудтар субҳ медамид!
Хоҳараш қарибиҳои зуҳр расид. Дар обу арақ ғутида буд ва гуфт, ки аз «смс»-и ҳамширааш нигарон шуда, соати чаҳори саҳар ба роҳ баромад.
-Аз чеҳраи шумо нур меборад, чӣ ҳодиса шуд? Зудтар бигӯед, ки аз кунҷковӣ метаркам.
Зан ҳодисаро ба хоҳараш ончунон ширин ва тӯлонӣ қисса кард, ки ангор афсонаи ҳазору як шабро мегуфт:

  • Боварам намеояд, ки имрӯз духтарамро бағал мекунам.
  • Ҳамшира, ман аз шумо як маъзарат бидеҳкорам. - гуфт духтар ва хомӯш шуд.
    -Чӣ шудаст? -нигарон шуд зан.
    -Тоқат накардам, рафтани шавҳаратро ба модарам гуфтам. Ҳамин саҳар гуфтам, пеш аз роҳӣ шудани мусофирбар. Хеле гиря кард, духтари бадбахтам гуфт, мумкин ҳамин рӯзҳо биёяд, гуфтам хабар кунам, ки омода бошӣ.
    ….
  • Аз ман асабонӣ нестӣ?
  • На, иттифоқан кори хубе кардӣ. Биёяд, қадамҳояш болои чашм, набераашро мебинад, мебинад, ки ман хубам, осуда мешавад. Либосатро иваз кун ва як дасте ба ҳуҷраҳо бизан, дар меҳмонхона дастархон боз мекунем, барои ин меҳмонҳо худам оши палов мепазам.
    Хоҳарон то зуҳр аз кор фориғ шуданд ва дар интизори меҳмонҳо ҳар лаҳза ба соат нигоҳ мекарданд. Зан шӯре ба дилаш дошт, ки бо тӯл кашидани вақт авҷ мегирифт ва ӯро ба сад кӯчаи сарбастаи шубҳаву гумон мебурд: “Шояд кадоме аз хешон розӣ шудаст кӯдакро ба фарзандӣ қабул кунад ва акнун ӯро ба ман намедиҳанд?
пешина
аз 473
навбатӣ