Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Атан, Куҷоӣ? Чаро садоят намебарояд? - зан ба ёд овард, ки сагро ба тундӣ аз назди меҳмонҳо ронда буд.
Саг аз ҷояш наҷумбид, аз соҳибаш ранҷида буд. Зан ҳеҷ гоҳ ба ӯ тунд намегуфт.

  • Атан, қаҳр кардӣ аз ман? Биё ноз накун, агар медонистӣ чӣ ҳодиса шуд!
    Саг ҷумбон-ҷумбон аз зери дарахти себ баланд шуд ва ба назди соҳибаш омад.
  • Биё бағалат кунам, ки аз баракати богашти ту бахти ман ҳам кушода шуд. Дар ғамхонаи ман фардо овози кӯдак садо медиҳад, ин кӯдак фарзанди ман аст ва ман модари ӯ. Шабҳо духтарамро бағал мекунам ва барояш алла мехонам, барояш курта медӯзам мӯйҳояшро шона мезанам, по ба пояш меравам ва ба ӯ роҳгардӣ меомӯзам. Духтарамро сари даст мекунам ва ба маъракаҳо меравам, дигар хиҷолат намекашам, бо сари баланд мегардам, ин фаришатаи осмонӣ сари маро ба осмон мерасонад. Боз хаёл накунӣ, ки духтардор шудам, туро паспартов мекунем, ҳаргиз! Ту барои ман азизӣ, ба ҳамон андозае ки духтарам азиз аст.
    Саг дасту гардани соҳибашро бӯ кашид, ин бӯйро аз байни садҳо бӯи дигар фарқ мекунад, зеро бо ин бӯй бузург шудааст. Ҳаяҷони соҳибаш ба саг низ таъсир кард, ҳаллос заду худро ба пушт партофт, ғелиду аккоси хушбахтӣ сар дод.
    Ӯ моҳҳо боз соҳибашро чунин ҳаяҷониву хушбахт надида буд.
    Занро шаб аз бетоқатӣ хоб набурд.
    Қаламу коғаз гирифт ва феҳрасти ҷиҳози зарурии кӯдакро омода кард. Рӯйхат хеле тӯлонӣ шуд: гаҳвора, коляска, пӯшак, либос, шири хушк пистонак... Ин ҳама ҷиҳозро ӯ ба танҳоӣ ба хона оварда наметавонад. Ба хоҳараш «смс» зад, ки фардо баргардад. Баъд аз сандуқ матоҳои гаронбаҳои пахтагину абрешиминро берун овард ва сари мошини хайётӣ нишаст. Ӯ барои духтари орзуҳояш пероҳан медӯхт.
пешина
аз 473
навбатӣ