Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Меҳмонҳо аз вокуниши зан дар тааҷҷуб шуданд. Домулло пиёлаи чояшро ба зан дароз кард. Чойро нӯшиду оромтар шуд.
-Ба ҷону дил мегирамаш, мисли гул нигоҳубинаш мекунам, ҷонамро дар ҷонаш мемонам, кай равем ба диданаш? Мешавад ҳозир равем?

  • Як шаби дигар тоқат кун, хоҳар, фардо вакил бо ҳамсараш ба ноҳия мераванд ва кӯдакро меоранд. Кори савоб мекунӣ, ҳам барои он тифлак хуб мешавад ва ҳам барои худат.
    Зан сарашро бо аломати ризо такон дод, ончунон хушбахт буд, ончунон пур аз шодӣ буд, ки дар тирамоҳи хазонрез дар дилаш баҳор мешукуфт.
    Меҳмонҳо барои зан ва барои он тифлак дуо нек карданд, омин гуфтанд ва бо азми рафтан аз ҷой баланд шуданд. Зан кафши онҳоро пеши пояшон гузошт. Вакил пеш аз рафтан рӯ ба зан овард.
  • Напурсидӣ кӯдак духтар аст ё писар.
  • Ака, он қадар ба нохуни кӯдак зор шудам, ки дигар ҷинсаш бароям фарқ надорад, Худо ба ман ҳар киро дод, беадад шукр мегӯям.
    -Тифлак духтар аст, ҳамроҳу дастёрат мешавад, иншоаллоҳ.
    Меҳмонҳо рафтанд, зан мехост дастархонро ҷамъ кунад, аммо аз ҳаяҷон дасташ пеши кор намерафт.
    Ин ҳама сол фикр мекард, ки кӯдакро барои ҳамсараш мехоҳад, то ки ӯро дар назди дӯсту душман сарбаланд кунад, бехабар аз ин ки худаш ташнаи фарзанд будааст.
    “Кори Худоро бин, ман ин ҳама сол тапидаму аз ғусса пар-пар шудам, аз даргоҳаш фарзанд гадоӣ кардам, аммо Худо бо ман муомила кард, якеро аз ман гирифту дигареро дод. Ман аз қазову қадари илоҳӣ сар дар намеорам, вагарна чӣ мушкил дошт, агар ин духтарро ҳамон солҳои аввал ба шиками ман меандохт, ҳоло ҳамсарам дар барам мебуд, сагам низ аз оташи дӯзах намегузашт”.
пешина
аз 473
навбатӣ