Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Бори охир, ки дидамат ҳолат хуб набуд, хеле нороҳат шудам. Борҳо он гуфтугӯро пеши назар овардам ва худамро накӯҳиш кардам, ки чаро вориди ин қазия шудам. Хуб, гузаштаҳо гузаштанд, ҳоло бояд ба оянда нигоҳ кард.
    Ӯ суханашро дар ин ҷо қатъ кард ва рӯ ба ҳамроҳаш овард.
  • Муаллим, қазияро шумо бигӯед, беҳтар аст, зеро маълумоти шумо дар ин бора комилтар аст.
    Вакил як марди тақрибан 65-солаи лоғарандом буд ва чашмони меҳрубон дошт. Ӯ чояшро нӯшиду ба манзури «дигар чой наменӯшам» пиёларо дар лаби дастархон чаппа кард.
    -Мавзӯъ бисёр зариф аст, хоҳар, агар шумо пешниҳодро қабул накунед ҳам мо намеранҷем. -шурӯъ кард вакил.
    Зан бетоқат шуд. Мехост дод занад, ки “ба сари мақсад биёед, куштед маро аз нигаронӣ”, аммо дандон ба ҷигар заду таҳаммул кард.
  • Ман аз ноҳияи Варзобам, бо хонаводаам дар кӯчаи шумо зиндагӣ мекунем, аммо тамоми хешу таборам дар он ноҳияанд. Дар ҳамсоягии хоҳари ман як оилаи бисёр хуб зиндагӣ мекард, онҳо панҷ фарзанд доштанд, одамони камбизоат буданд. Аз қазо як ҳафта пеш зану шавҳар ҳарду дар як садама ҷон доданд. Бачаҳо бесоҳиб монаданд, кӯдакони калонтарро хешони дурашон зери пар карданд, аммо кӯдаки се моҳаро касе ба гардан нагирифт. Диламон нашуд ба сағирахона супорем. Домулло дар бораи сарнавишти шумо нақл карданд, гуфтем, агар хоҳед ҳамон бачаро ба фарзандӣ бигиред. Санаду коғазбозиашро ман худам дуруст мекунам...
    Зан карахт шуд, хаёл кард, ки аз шодӣ ғаш мекунад.
    Мехост чизе бигӯяд, аммо ҳарфе аз даҳонаш набаромад. Ӯ аз ҷой баланд шуду беихтиёр дасти вакилро бӯсид ва домани гиряро сар дод.
пешина
аз 473
навбатӣ