ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Мо бояд бо ин дардҳо одат кунем, бо ин дардҳо зиндагӣ кунем, он гоҳ ин дардҳо моро азият намекунанд. Маро мефаҳмӣ азизам?
Саг ба соҳибаш ҷафс мешавад, зан сари ӯро сила мекунад, барояш лолоӣ мехонад ва бехабар мемонад, чӣ тавр хобашон бурдаст. Саҳаргоҳон сагро дар пойи кат хоб намеёбад. Атан субҳи барвақт ба назди дар меравад, то бозии бачаашро бо арӯси хонаи рӯ ба рӯ тамошо кунад.
Як рӯз домулло дари хонаи занро кӯфт, ҳамон домуллои таҳсилдидаи хушлибосе, ки хабари издивоҷи ҳамсарашро бо ҳадису қиссаҳои мазҳабӣ дар гӯшаш хонд. Домулло танҳо набуд, як марди ношинос бо ӯ буд.
Атан ба думболи соҳибаш омада домуллоро диду ба сӯяш аккос зад, аммо зан “Атан хона даро!”- гуфта, сагро аз назди дар дур кард.
Зан боодобона ба ҳарду салом дод.
- Салом хоҳар, хуб ҳастӣ? -пурсид домулло.
- Худоро шукр, хубам.
- Ин одам вакили кӯчаи шумо аст, мо ҳарду барои як кори хайр омадем, вале намедонам худат чӣ хел қабул мекунӣ.
Зан аз ташрифҳои домулло хотираи хубе надошт, бинобар ин, бо шунидани ибораи “кори хайр” нигарон шуд. - Иҷозат медиҳӣ ба хонаат ворид шавем? Масъала ҷиддӣ аст ва онро ба саросемагӣ дар кӯча намешавад ҳал кард.
Азбас ҳаво сард буд зан онҳоро ба меҳмонхона даъват кард, аммо домулло гуфт, дар рӯи кат мешинанд. Зан кӯрпачаву болишт баровард ва дастархон боз кард. Домулло мисли дафъаи гузашта аз чой даст накашид. Интизор шуд, ки зан ороиши дастархонро ба анҷом расонад. Чойники чойро пеш кашид ва аввал ба ҳамроҳаш ва сипас ба худаш чой рехт. - Хоҳар, ёдат ҳаст гуфта будам, ки агар як дар ба рӯи банда баста шавад, Худованд дарҳои дигарро як дарро ба рӯяш боз мекунад. Фикри “ин муллои таҳсилкардаи ҳошиярав барои хостгорӣ омадаст чӣ бало?” чун барқ аз зеҳни зан гузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор