Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Худам ҳам раҳгум задаам, ба ҳар роҳе равам, пойҳоям маро ба ин ҷо мекашонанд. Фикр мекунӣ, ки дер шудааст?
    Роҳе барои баргашт надорам?
  • Язна, маро ба масоили зиндагии хусусиатон дахил накунед, дар ин қазия, агар рӯзе тараф шавам, мутмаин бошед, ки дар тарафи шумо нестам.
    Мард ба чашмони хоҳарзанаш дуру дароз нигоҳ кард.
    Духтар бо ишораи чашм пурсид, ки чаро нигоҳ мекунӣ?
    Мард ишораро надид, фикраш дар ким-куҷои дигар буд.
    Ниҳоят ба худ омаду аз духтар хост, ки халтаҳои хӯроквориро аз мошин бардорад.
    -Беҳуда пул сарф накунед, язна, ҳамшираам ба ғизоҳои овардаи шумо даст намезанад ва онҳоро мепартояд, беҳтараш ба хона бубаред.
    -Бошад.
    Мард бо сари хам аз хона дур шуд. Хоҳаршӯяш бори аввал мушоҳида кард, ки шонаҳои ӯ хам задаанд.
    Тирамоҳ бо нафаси сарди бодҳо ва рақси баргҳои хазон дар гирди дарахтҳои урён фаро мерасид. Зан ду ҳафта боз танҳо аст, хоҳараш барои иштирок дар тӯйи дугонааш ба ноҳия рафт, занг зад, ки ҳафтаи дигар бармегардад. Ӯ бачаи Атанро бо худ бурд. Саг аз рӯзи рафтани охирин бачааш бетобӣ дорад. Ӯ дигар худро ба дару девор намезанад, хаста шудаст, мисли одамҳое, ки аз зарбаҳои пай дар пайи зиндагӣ хаста мешаванд ва дигар ангезае барои муқовимат надоранд.
    Зан сагро ба хонаи хоби худаш бурд, Атан акнун чун солҳои пеш дар поёни тахти хоби соҳибаш мехобад. Баъзе шабҳо бо дард нолиш мекунад, шояд дилаш барои бачаҳояш танг мешавад. Зан аз тахт поён мешавад ва дар паҳлуи ӯ дароз мекашад.
  • Биё ҷонам, биё канорат бигирам. Медонам, ки дилат лах-лах шудааст. Касе туро беҳтар аз ман дарк накунад.
    Имсол соли мову ту набудаст, азизам. Мо ҳарду шикастему рехтем, азизони худро гум кардем. Онҳо дар ҳамин атрофанд, аммо дигар аз мо нестанд.
пешина
аз 473
навбатӣ