Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Духтар сагро ба даст мегираду навозиш мекунад, бо ӯ ҳарф мезанад, баъд корашро тамом мекунад ва ҳарду дав-давон ба хона медароянд. Атан баробари кушода шудани дарвозаи рӯ ба рӯ ба назди дар меояд, худро ба замин мепартояд ва бозиҳои бачаашро аз роғи дар тамошо мекунад. Ӯ саҳарҳоро барои тамошои бозии бачааш дӯст медорад.
Зиндагии зан тадриҷан ба маҷрои оромтар ҳаракат кард.
Дасташ дар куртадӯзӣ ончунон рост шуд, ки тарҳҳои нав мекашид ва пероҳанҳои зеботар медӯхт. Муштариёнаш рӯз то рӯз бештар мешуданд. Бо хоҳараш машварат карданд, ки каме пул ҷамъ мекунад ва коргоҳ мекушояд, ду-се коргари дигарро ба кор мегиранд. Ин барномаҳо ӯро ба ояндааш хушбин мекарданд.
Рӯзе ҳамсараш омад, аз остонаи дар хоҳарзанашро садо кард, ҷуръат накард, ба ҳавлӣ дарояд. Духтар дар бораи ёфт шудани Атан, модар шуданаш, захмҳои баданаш ва тӯлаҳои зотияш ба мард қисса кард. Мард хурсанд шуд, гуфт метавонад Атанро бубинад? Хоҳаршӯяш ба аломати инкор сар ҷунбонд.

  • Он чӣ аз сари Атан гузашт, ҳамшираамро таҳти таъсир қарор додаст. Ӯ бештар аз шумо домангир аст, ки сагашро базӯр бурдеду ба бало гирифтор кардед.
    Мард забханд зад ва ин лабханд бо чашмони маъюсаш дар таноқуз буд. Аз он лабхандҳое буд, ки ғайриихтиёр пайдо мешаванд, ё вақте инсон барои тавҷеҳи гуноҳи худ ҳарфе надорад.
    -Апаат дар бораи ман чӣ мегӯяд? -пурсид ӯ ногаҳон.
    -Мехоҳед чӣ бигӯяд? Зиндагиашро хароб кардед, ба болояш зан гирифтед, ӯро дар нимароҳ гузоштед, сагашро ба ин ҳол овардед.
пешина
аз 473
навбатӣ