ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Дуо мекунам, ки бо пою қадами ин тӯла ҳамсарат зудтар бача ба дунё биёрад. -гуфт ӯ ва ба ҷавон рӯ овард.
- Агар арӯси шумо ин сагро хоста бошад, онро ҳамчун туҳфаи туёна қабул кунед. Аммо ман як шарт дорам, сагро ҳар рӯз барои се-чор соат бигиред ва баъд баргардонд.
Намехоҳам модараш зарбаи равонӣ бубинад. Бигзор, ба ин ҷудоӣ оҳиста одат кунад. - Ҳар чӣ шумо бигӯед.
- Саломи маро ба арӯси нозанин расонед, хушбахт шавед ва то охири умр якҷо бошед.
Ҷавон даст ба синааш гузошту ташаккур гуфт ва нимтаъзим кард. Ӯ бо чашмони пур аз ишқ ва чеҳраи аз хушбахтӣ нурафшон замони домодии ҳамсарашро ба ёди зан овард. Чӣ замоне буд!
Рафтуомади бачаҳои Атан ба ин се хона як моҳ давом кард ва ниҳоят тӯлаҳо батамом ба хонаҳои худ рафтанд. Атан бетоб шуд, бо бачаи охиринаш соатҳо дар таги девори ҳамсоя мехобид, қад қади девор медавид, ҳаллос мезад. Садои хандаву бозии кӯдакон ва ав-ви тифлонаи фарзандаш ӯро ранҷур мекард. Зан аз бачаи ҳамсоя хост, ки сагро барои як ду соат ба назди модараш биёрад. Модару писар хеле бозӣ карданд. Аммо вақте бачаи ҳамсоя “Рекс, рафтем хона гуфт” саг лаҳзае истоду ба модараш нигоҳ кард ва баъд аз думболи соҳибаш рафт. Атан дар замин дароз кашид, фукашро рӯи дастонаш гузошт ва дуру дароз аз паси бачааш нигоҳ кард.
Саг ба ин воқеият, ки бачаҳояш ӯро кам-кам аз ёд мебаранд, ба сахтӣ одат мекард. Ӯ акнун тӯлаи охиринашро сар намедиҳад, агар як лаҳза ӯро набинад ҳаросон мешавад.
Бачаи шӯхаш гоҳ дар таҳхона пинҳон мешавад, гоҳ дар ошхона. Атан бачаашро меёбаду соатҳо мелесад навозиш мекунад. Зан ба хоҳараш гуфт, то саг яксола нашавад онро ба ноҳия намефиристанд.
Тӯлаи Атан аз паси арӯси хонаи рӯ ба рӯ чун дум овезон аст, саҳари барвақт ҳамроҳи ӯ ба кӯча мебарояд, духтар кӯчаро ҷорӯб мезанад, саг дар гирдаш парвона мешавад, аз шерозаи эзораш мекашад, ҷорӯбашро мехояд, дар пеши пояш ғел мезанад ва ӯро роҳ рафтан намемонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор