ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданАтан аз бозии бачаи ҳамсоя бо тӯлаҳояш ҳаловат мебурд, чашмонашро мепӯшиду бехобиҳои шабҳои гузаштаашро ҷуброн мекард. Писари ҳамсояро мешинохт, аммо рӯзҳои аввал бачаи Забирро ба тӯлаҳояш наздик шудан намемонд, ба тарафаш меғуррид. Зан ҳамон сагчаеро, ки бача интихоб карда буд ба дасташ дод.
- Атан ин бачаи акаи Забир аст, ҳамон марди хилъатсафед, ки туро аз мурдан наҷот дод. Мебинӣ, ӯ ба тӯлаи ту осеб намерасонад, дӯсташ медорад. Саг норозиёна ба ҷойи пешинааш бармегардад, аммо аз бачаи Забир чашм намеканад. Бачаҳо ду ҳафта омаданду рафтанд, Атан ва тӯлаҳояш ба онҳо одат карданд.
Шаби аввал, ки бачаҳо бо сагҳои худ ба хонаҳояшон баргаштанд, Атан маҳшар андохт. Садои ак-аки бачаашро аз хонаи ҳамсоя мешуниду сарашро ба девор мезад, то рӯз девонагӣ кард ва оқибат дар пояи девор хобаш бурд. Хонаи Забирро намедонист, вагарна зузакашон ба кӯчаи ӯ ҳам мерафт. Рӯзи дигар бачаҳо сагҳояшонро оварданд. Вой, Атан чӣ шодие дошт! Онҳоро мелесиду мелесид, сер намешуд ва намегузошт як қадам аз бараш дур шаванд. Аммо сагҳо ба тарафи бачаҳо медавиданд, ба сару пушти онҳо мебаромаданд ва шӯхиву бозӣ мекарданд. Бачаҳояш бегоҳ ба хонаҳои худ баргаштанд. Атан аз ғусса нолиш кард, аммо мисли шаби гузашта сар ба девор назад.
Талабгори тӯлаи сеюм, ҷавони ҳамсоя буд, шавҳари ҳамон арӯсе, ки саҳар кӯчаро об мезаду дасташ дар чоки амиқи гиребонаш, ҷорӯб мекашид.
-Арӯс дар хонаи худашон саг доштаст, ҳоло пофишорӣ дорад, ки барояш саг бигирем, аз ҳамсоя шунидем, ки саги шумо зоидаст, шояд якеашро ба мо фурӯшед?
Зан беихтиёр рӯзеро ба ёд овард, ки ҳамсараш кучуки якҳафтаинаро ба хона овард ва гуфт, инро бубин мисли бачаи одам ширин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор