ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданОнҳо дар рӯи ҳавли мисли туб ғел мезаданд. Зани ҳамсоя, ки дар сахттарин рӯзҳои зан дасташро гирифта буд, талабгори яке аз тӯлаҳо шуд.
- Бачаҳо девонаам карданд, он сагчаҳоро аз сари девор диданд, пофишорӣ доранд, ки якешро бигирем. Шояд якеашро ба мо мефурӯшед? Зан хиҷолатомез лабханд зад.
- Ман ба шумо бидеҳкорам апа, магар метавонам не бигӯям? Хоҳед ҳамаашонро бигиред.
- Ҳамсояи рӯ ба рӯ ҳам хостгори бачаи Атан аст. Хуб мешавад, якеашро ба онҳо бидиҳед, ҳам бори шумо сабук мешавад ва ҳам бачаҳои Атан дар пеши назари модарашон бузург мешаванд.
- Охиринашро ба ноҳия мефиристем, бигзор дар хонаи худамон калон шавад, чӣ гуфтед апа? Хоҳараш аз рӯзи аввал мегуфт, ки як бачаи Атан бояд дар хонаи падариашон калон шавад.
Атан аз ин барномаҳо хабар надошт, ӯ бачаҳояшро мелесид, мемаконд ва бо онҳо бозӣ мекард. Бачаҳояш мисли чаҳор болиштаки махмалин буданд, Атанро саворӣ мекарданд, гӯшҳояҳро мегазиданд, намегузоштанд, ки мижа ба ҳам бигзорад. Зан ин саҳнаҳоро мебинаду аз пешомади ногувори сагаш дилаш фишурда мешавад. - Ба даҳон гуфтан осон аст, ман ин бечораи ҷабрдидаро чӣ тавр аз ҷигарбандҳояш ҷудо кунам? -мегуфт ӯ ба хоҳараш.
Маслиҳат карданд, ки бачаи ҳамсоя ва бачаи Забир ҳар кадоме бо навбат биёянд ва бо сагҳо бозӣ кунанд, то чашми Атан ба дидани онҳо одат кунад Атан оҳиста ба зиндагӣ бармегашт, аммо Атани пешина набуд, чизе дар ӯ дигар шуда буд, ангор милаи зиндагиаш шикаста буд. Гоҳо дар чашмони ӯ ҳузни беандозае бурӯз мекард, ки зан намунаашро дар ягон чашм надида буд. Аз сари Атан чӣ гузашт, худаш медонаду Худо, аммо эҳсос мешуд, ки дар қалби як замон пур аз шодиву нишоташ халои бузурге пайдо шудааст. Шояд ин паёмади заҷрҳои кашидааш буд, ё дилаш барои он саги хушзот танг шудаст, ки дар тӯли саргардониҳояш бо ӯ ошиқу ҳамхоба шуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор